Артиши Миср аз номзадии Сисӣ барои пусти раёсати ҷумҳурии Миср "ҳимоят кард"

  • 27 Январ, 2014
Абдулфаттоҳ СисӣImage copyrightReuters
Image caption Абдулфаттоҳ Сисӣ ба мақоми филдморшолӣ мансуб шудааст

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ аз Миср Шӯрои низомии ин кишвар мувофиқат карда, то Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артиш дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки қарор аст зарфи 6 моҳи оянда баргузор шавад, ширкат кунад.

Пештар Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср аз тарфеъ гирифтани Абдулфаттоҳ Сисӣ ба мақоми филдморшолӣ, ки болотарин мақоми низомии кишвар аст, хабар дод.

Хабарнигорон муътақиданд, ки касби мақоми филдморшолӣ тавассути оқои Сисӣ эҳтимолан муқаддамае буд барои эъломи номзадии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда.

Рӯзи гузашта ҳам раиси ҷумҳури муваққати Миср эълом кард, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Миср қабл аз интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд.

Оқои Мансур гуфта буд, ки ин интихобот роҳро барои бозсозии қавонини демукротик дар кишвар ҳамвор хоҳад кард.

Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат гирифта, ки гирдиҳамоиҳои мувофиқон ва мухолифони исломгарои давлат дар рӯзи шанбе (25 январ) дар сеюмин солгарди инқилобе, ки ба сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқ мунҷар шуд, бо даргириҳое ҳамроҳ буд, ки дар ҷараёни он дастикам 49 нафар кушта шуданд.

Исломгароёни мухолифи давлат аз Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ҳимоят мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо Муҳаммад Мурсӣ дар як интихоботи озод ва қонунӣ ба раёсати ҷумҳурӣ расид ва ҳамчунон ӯ раиси ҷумҳурии машруъи Миср аст.

Ҳафтаи гузашта беш аз 98 дарсади ширкаткунандагон дар ҳамапурсӣ ба қонуни асосии ҷадиди ин кишвар раъйи мувофиқ доданд.

Қарор аст ин қонуни асосӣ ҷойгузини қонуне шавад, ки Муҳаммад Мурсӣ пеш аз барканорӣ аз раёсати ҷумҳурӣ ироа карда буд.

Матолиби муртабит