Миср 'зарбулаҷал дар бораи гардишгарон'-ро ҷиддӣ мегирад

  • 19 Феврал, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Масъулияти инфиҷори ин утубуси ҷаҳонгардиро гурӯҳи "Ансори Байтулмуқаддас" ба уҳда гирифт

Давлати Миср ба Би-би-сӣ гуфт, ки зарбулаҷали гурӯҳи исломгарои "Ансори Байтулмуқаддас" дар мавриди гардишгарони хориҷиро ҷиддӣ мегирад.

Ин гурӯҳ ба гардишгарон фурсат дода, то зарфи 48 соъати оянда аз Миср хориҷ шаванд.

"Руйтерз" ба нақл аз як ҳисоби Твитери наздик ба ин гурӯҳ чунин таҳдидеро гузориш карда буд.

Ин гурӯҳ мегӯяд, ки ҳеҷ ҳузуре дар шабакаҳои иҷтимоъӣ надорад, аммо "Руйтерз" мегӯяд пештар ин ҳисоби Твитер дар бораи ин гурӯҳ дақиқ иттилоърасонӣ кардааст.

Image copyrightGetty
Image caption Шармушшайх аз мақосиди гардишгарӣ дар Миср аст.

Як сухангӯйи сафорати Миср дар Ландан ба Би-би-сӣ гуфт, ки давлат аз эътибори ин таҳдид мутмаъин нест, аммо дар Шармулшайх тадобири амниятии бештаре барои гардишгарон дар назар гирифтааст.

Шармулшайх шаҳре дар дар соҳили баҳри Сурх аст, ки дар ҷануби нимҷазираи Сино қарор дорад.

Давлати Миср дар саҳрои Сино бо қудрат гирифтани шибҳинизомиёни исломгаро мувоҷеҳ аст.

Пештар гурӯҳи "Ансори Байтулмуқаддас" дар як баёнияи расмӣ масъулияти инфиҷори рӯзи яшанбе дар ин утубуси гардишгариро пазируфта буд.

Дар он инфиҷорисе табаъаи Куреи Ҷанубӣ ва як нафар мисрӣ кушта шуданд.

Аз замони суқути давлати Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 нимҷазираи Сино беқонунии физояндае доштааст.

Дар соли 2013, ки артиш ҳукумати Муҳаммад Мурсиро соқит кард, фаъъолиятҳои ин гурӯҳ афзоиш ёфт.

Матолиби муртабит