Фармондеҳи артиши Миср "барои хариди таслиҳотӣ" ба Русия рафтааст
Image copyrightAPФармондеҳи артиши Миср дар сафар ба Маскав бо раиси ҷумҳурӣ ва мақомоти аршади давлати Русия мулоқот ва дар бораи ҳамкории амниятӣ ва низомии байни ду кишвар бо онон гуфтугӯ кардааст.
Рӯзи панҷшанбе, 24 баҳман (13 феврал) фелдморшол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ, муъовинии аввали нахуствазир ва вазири дифоъи Миср, ки дар раъси ҳайате ба Русия сафар кардааст, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурӣ ва Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия мулоқот кард.
Ба гузориши хабаргузории русии Интерфакс фелдморшол Алсисӣ дар мулоқот бо оқои Путин зимни ишора ба ҳузури исломгароёни тундрав дар Сурия ва Либӣ, гуфт, ки хатари терурисм амнияти Миср ва кишварҳои дигари Ховари Миёнаро таҳдид мекунад ва давлати Миср мусаммам ба мубориза бо ин хатар аст.
Вай гуфт, ки давлат ва мардуми Миср ба анҷоми ислоҳоти асосӣ мутаъаҳҳид ҳастанд ва бо ибрози ин назар, ки артиши Миср мавриди эътимоди мардуми он кишвар аст, гуфт, ки мисриён бояд дар эҷоди ҷомеъаи озод ва мураффаҳ муваффақ шаванд "зеро чашми ҷаҳониён ба Миср дӯхта шудааст."
Вай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки сафари ӯ ба Русия натоиҷи муҳимме дар пай дошта бошад ва афзуд, ки мардуми Миср хостори муваффақияти ин сафар ҳастанд.
Пештар вазири дифоъи Русия пас аз дидор бо ҳамтори мисрии худ гуфта буд, ки ду тараф "бар иштироки дидгоҳҳои худ дар бораи амнияти байналмилалӣ ва минтақаӣ таъкид ниҳода ва мувофиқат кардаанд ба манзури ҳифзи амният ва саботи минтақаи Ховари Миёна ва Шимоли Офриқо бо якдигар ҳамкорӣ кунанд." Вай гуфт, ки афзоиши ҳамкории нерӯҳои ҳавоӣ ва дарёии ду кишвар низ мавриди музокира қарор гирифтааст.
Набил Фаҳмӣ, вазири умури хориҷаи Миср ҳам, ки фелдморшол Алсисиро дар сафар ба Маскав ҳамроҳӣ мекунад, бо Сергей Лавров, ҳамтои русии худ мулоқот кардааст.
Оқои Лавров гуфтааст, ки "ду тараф таъкид доранд, ки лозим аст таҳияи асноди марбут ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои таслиҳотӣ ва фанноварии низомӣ тасреъ шавад."
Оқои Фаҳмӣ низ гуфт, ки дар баррасии равобити дуҷониба мақомоти ду кишвар тамоюли худро ба эҷод ва густариши муносиботи ҷадиди иқтисодӣ мавриди таъкид қарор доданд ва мувофиқат шуд то зарфи моҳи оянда як кумитаи муштараки вижа "роҳҳои густариши манофеъи муштараки онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад."
Расонаҳои Русия аз дидори вазирони хориҷа ва дифоъи ду кишвар бо унвони "музокироти 2+2" ном бурда ва гуфтаанд, ки сафари мақомоти аршади мисрӣ ба Маскав нишонаи тамоюли ду тараф ба густариши равобити дӯстона аст.
Чанд моҳ пеш вазири хориҷаи Миср дар ишорае талвеҳӣ ба сардии равобит бо Омрико гуфт, ки кишвараш дар назар дорад дар заминаҳои амниятӣ "гузинаи худро маҳдуд накунад" ва густариши равобит бо сойири кишварҳоиро дар назар хоҳад гирифт.
Нохурсандӣ аз Омрико, гароиш ба Русия?
Авоили моҳи июли соли гузашта дар пайи тазоҳуроти густардаи мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии исломгарои Миср, фармондеҳи кулли артиши Миср ҳамроҳ бо шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва динии Миср дар телевизиюн зоҳир шуд ва барканории раиси ҷумҳуриро эълом кард. Вай гуфт, ки қудрат ба як давлати муваққати ғайринизомӣ интиқол меёбад, ки то замони ислоҳи қонуни асосӣ баргузории интихоботи озод ва ташкили давлати ҷадид идораи умурро дар даст хоҳад дошт.
Барканории оқои Мурсӣ, ки тарафдорони ӯ ва бархе нозирон аз он бо унвони "кудетои низомён" ном бурдаанд, чанд моҳ тазоҳурот ва роҳпаймоии исломгароёнро дар пай дошт, ки дар мавориде ба хушунат ҳам кашида шуд. Гуфта мешавад дар даргирии байни муътаризон бо тарафдорони давлати муваққат ва нерӯҳои амниятӣ, дастикам як ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онон аз муътаризон будаанд.
Агарчи Иёлоти Муттаҳида аз мавзеъгирии мустақим алайҳи барканории Муҳаммад Мурсӣ худдорӣ варзида, аммо мудохилаи артиш дар сиёсатро низ мавриди хурдагирӣ қарор дода, ҳарчанд аз истифода аз вожаи "кудето" барои барканории оқои Мурсӣ худдорӣ варзидааст. Тибқи қавонини Иёлоти Муттаҳида давлати ин кишвар муҷоз ба кумак ба давлатҳое нест, ки дар натиҷаи кудетои низомӣ ба қудрат расидаанд.
Бо ин ҳама дар вокуниш ба идомаи хушунат дар Миср Иёлоти Муттаҳида бахше аз кумакҳоро, ки ба таври суннатӣ дар ихтиёри Миср қарор медод, ба ҳолати таълиқ дароварда, ки аз ҷумла шомили лағви муваққати барномаи таҳвили теъдоде ҳавопаймои F-16 ва бархе таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ва ҳамчунин пардохти чандсад миллиюн дулор кумаки нақдӣ буд.
Аз замони имзои қарордоди сулҳи байни Исроил ва Миср дар соли 1979, Иёлоти Муттаҳида ҳарсола кумакҳои нақдӣ ва низомии қобили таваҷҷуҳе дар ихтиёри Миср қарор дода, ки арзиши он дар солҳои ахир ба ҳудуди яку ним милёрд дулор болиғ мешуд. Дар айни ҳол мақомоти омрикоӣ таъкид доштаанд, ки Мисрро ҳамчунон як муттаҳиди наздики худ маҳсуб мекунанд ва интизор меравад пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ равобити ду кишвар ба гармии собиқ бозгардад.
Пас аз суқути Муҳаммад Мурсӣ, ки аз ҳимояти молии Қатар бархурдор буд, давлатҳои Арабистони Саъӯдӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Кувайт эълом карданд, ки дар маҷмуъ ҳудуди дувоздаҳ милёрд дулор кумак дар ихтиёри давлати муваққат қарор медиҳанд. Эҳтимолан бахше аз ин маблағ барои хариди таҷҳизоти низомӣ аз Русия ба кор хоҳад рафт.
Ба гуфтаи бархе нозирон Русия низ, ки бо таваҷҷуҳ ба бесаботии ҳукумати Сурия дар садади ёфтани муттаҳидони дигаре дар Ховари Миёна аст, фурсатро барои баҳрабардорӣ аз сардии равобити Миср ва Омрико муносиб ёфтааст, бахусусинки фурӯши таслиҳоти низомӣ ба Миср бо барномаҳои омӯзишӣ ва пуштибонии фаннӣ ҳамроҳ хоҳад буд ва ҳамкории ду кишварро барои чанд соли оянда тазмин хоҳад кард.
Моҳи гузашта қонуни асосии ҷадиди Миср ба ҳамапурсӣ гузошта шуд ва ба тасвиб расид. Абдулфаттоҳ Алсисӣ, ки моҳи гузашта бо тасмими ташкилоти низомии Миср ба фелдморшолӣ тарфеъи дараҷа ёфта, гуфта буд, ки дар сурати ибрози тамоюли мардуми Миср вориди муборизоти интихоботии моҳи апрел хоҳад шуд, ҳарчанд мушаххас нест, ки қарор аст тамоюли мардуми Миср дар ин замина ба чӣ сурат иброз шавад.
Ахиран як рӯзномаи кувайтӣ пас аз мусоҳиба бо Абдулфаттоҳ Алсисӣ навишт, ки ӯ қасди худ барои ҳузур дар муборизоти интихоботиро эълом кардааст, аммо сухангӯи артиши Миср гуфт, ки агар тасмиме дар ин замина иттихоз шавад, мардуми Миср қабл аз ҳама аз он мутталеъ мешаванд.
Ба гузориши хабаргузории Руйтерз Владимир Путин дар мулоқот бо фелдморшол Алсисӣ дар ишора ба ин хабар гуфт, ки тасаддии симати раёсати ҷумҳурӣ ба маънии қабули масъулияти сангине дар қиболи сарнавишти мардум Миср аст ва хитоб ба ӯ афзуд: "Аз тарафи давлат ва мардуми Русия барои шумо орзуи муваффақият дорам."
