Фармондеҳи артиши Миср "кондидои раёсати ҷумҳурӣ" мешавад
Image copyrightReutersСипаҳсолор Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артиши Миср, ба як рӯзномаи кувейтӣ гуфта мехоҳад барои интихоботи раёсати ҷумҳурии пеши рӯ эъломи кондидотурӣ кунад.
Рӯзномаи кувейтӣ "Алсиёсат" навиштааст, ки оқои Сисӣ дар ҷавобе ба пурсиши ин рӯзнома гуфта дар посух ба хостаи мардуми Миср мехоҳад номзади раёсати ҷумҳурӣ шавад.
Аз моҳҳо пеш эҳтимоли номзадии ин аршаддатрин мақоми артиши Миср матраҳ шуда буд, аммо то кунун ҳеҷ вокуниши расмӣ аз сӯйи артиши Миср мунташир нашудааст. Бо вуҷуди ин, шӯрои фармондеҳии артиши Миср дар иқдоме ҳимоятомез, моҳи гузашта оқои Сисиро ба мақоми филдморшолӣ (сипаҳсолорӣ) , ки болотарин рутбаи артишӣ аст, иртиқоъ дод.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср қарор аст зарфи шаш моҳи оянда баргузор шавад.
Оқои Сисӣ пас аз он ки артиш Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои ин кишварро барканор кард, ба маҳбубияти фаровоне даст ёфтааст.
Муҳаммад Мурсӣ, ки аз ӯ ба унвони нахустин раиси ҷумҳурии Миср ёд мешавад, ки ба равише демукротик интихоб шуда, акнун дар боздошт ба сар мебарад ва дар чаҳор маҳкамаи ҷудогона муҳокима мешавад.
Барканории ӯ бо эътирозоти хунине ҳамроҳ буд. Ихвонулмуслимин, ҳизби ҳомии оқои Мурсӣ, ҳамчунон дар қонунӣ будани раёсати ҷумҳурии ӯ таъкид дорад ва дар моҳҳои гузашта ҳар гуна иқдоме барои тағйири Қонуни асосӣ ва ташкили давлати ҷадидро таҳрим кардааст.
Даргириҳои хунин миёни ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ ва нерӯҳои амниятии Миср то кунун садҳо кушта бар ҷой гузоштааст.
Ихвонулмуслимин артиши Мисрро ба кудето муттаҳам мекунад.
Дар ҳоле ки ҳзомиёни оқои Сисӣ ӯро "раҳбаре қудратманд" медонанд, ки метавонад суботро ба Миср бозгардонад, мунтақидони ӯ ба қудрат расидани як фармондеҳи низомиро бозгашт ва идомаи даврони ихтиноқӣ медонанд, ки ба гуфтаи онҳо Ҳусмнӣ Муборак, раиси ҷумҳурии сарнагуншудаи Миср барои сӣ сол дар ин кишвар ҳукмфармоӣ карда буд.
