Муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ ва террурисм оғоз шуд
Image copyrightAPМуҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури пешини Миср, ки соли гузашта дар пайи тазоҳуроти густардаи мухолифонаш дар кудетои артиш аз қудрат барканор шуд, ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Сипоҳи посдорони Эрон муҷаддадан таҳти муҳокима қарор мегирад.
Оқои Мурсӣ танҳо раиси ҷумҳурӣ буд, ки дар интихоботи озод дар Миср ба қудрат расидааст. Ӯ инак ба "ҷосусӣ" ва "тавтеъа барои террурисм" муттаҳам шудааст.
Додситонӣ ӯро ба иттифоқи 35 нафари дигар ба ҳамкорӣ бо Ҷунбиши фаластинии Ҳамос, гурӯҳи лубнонии Ҳизбуллоҳ ва Сипоҳи посдорони Эрон барои анҷоми ҳамалоти терруристӣ дар Миср муттаҳам кардааст.
Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот дар додгоҳ оқои Мурсӣ мумкин аст ба эъдом маҳкум шавад.
Додситонӣ то кунун чаҳор сиррӣ иттиҳом ва кайфархост алайҳи оқои Мурсӣ таҳия ва танзим кардааст.
Кайфархости аввал дар хусуси фирори ӯ аз зиндон дар соли 2011 , ҳамзамон бо эътирозоти "баҳори арабӣ" дар Миср будааст; кайфархости дувум дар хусуси "таҳрик ба куштори муътаризон" дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯст ва кайфархости сеюм дар бораи "тавҳин ба мақомоти қазоӣ "аст.
Пас аз кудетои артиши Миср алайҳи оқои Мурсӣ дар июли 2013 созмони Ихвонулмуслимин ва дигар аҳзоби мухолифи давлати феълии Миср саркӯб шудаанд.
Садҳо нафар низ дар даргириҳои хиёбонӣ миёни тарафдорони оқои Мурсӣ ва нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.
Тарафдорони оқои Мурсӣ мегӯянд, ки ӯ ва дигар раҳбарони Ихвонулмуслимин қурбонии ангезаҳои сиёсии ҳукумати ҷадид ҳастанд, ки пас аз кудетои соли гузашта ба қудрат расид.
Оқои Мурсӣ пештар дар додгоҳ гуфтааст, ки додгоҳи расидагикунанда ба иттиҳомот алайҳи худро машруъ намедонад ва исрор варзида, ки раиси ҷумҳури машруъи Миср аст.
