Додгоҳи Миср фаъъолияти ҷунбиши Ҳамосро мамнӯъ кард
Image copyrightGettyЯк додгоҳи мисрӣ ба мамнӯъияти фаъъолияти гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар ин кишвар раъй додааст.
Рӯзи сешанбе, 4 март, додгоҳе дар Миср раъй дод, ки ҷунбиши исломгарои Ҳамос ба далели иртибот бо гурӯҳи Ихвонулмуслимини Миср як созмони теруристӣ аст ва иҷозаи фаъъолият дар Мисрро надорад. Қуззоти додгоҳ ҳамчунин раъй доданд, ки куллия дороиҳои Ҳамос дар Миср тавқиф шавад.
Парванда алайҳи Ҳамос бар асоси шикояти як ҳуқуқдони мисрӣ ба номи Самир Сабрӣ ба ҷараён афтода буд, ки ин созмони фаластиниро ба доштани иртиботи наздик бо гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимини Миср муттаҳам кардааст.
Пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср, Ихвонулмуслимин ба баргузории риштатазоҳуроти эътирозӣ мубодират кард, ки дастикам як ҳазор кушта барҷой гузошт. Аксари кушташудагон, аз ҳаводорони оқои Мурсӣ буданд. Оқои Мурсӣ дар ҳоли ҳозир таҳти пайгарди қонунӣ аст ва аз ҷумлаи иттиҳомоти ӯ ҷосусӣ ва иртиботи ғайримуҷоз бо бегонагон, аз ҷумла ниҳодҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷунбиши Ҳамос аст.
Аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, Миср шоҳиди як риштаҳамалоти хушунатомез алайҳи марокиз ва маъмурони низомӣ ва интизомӣ буд, ки гурӯҳҳои исломгарои тундрав омили онҳо шинохта шуданд. Мақомоти давлати интиқолии Миср, гурӯҳи Ихвонулмуслиминро ба иртибот бо ин гурӯҳҳо ва масъулияти ин ҳамалоти муҳим ва онро як созмони ғайриқонунии теруристӣ эълом карданд.
Дар вокуниш ба раъйи додгоҳи мисрӣ, сухнгӯйи Ҳамос гуфтаст, ки "ин тасмим ба ваҷҳаи Миср ва нақши он дар пешбурди ормони фаластиниён осеб мерасонад." Сухангӯйи Ҳамос афзудааст, ки "мунъаккискунандаи навъе мавзеъгирӣ алайҳи ҷунбиши муқовимати фаластин аст."
Ҷунбиши Ҳамос аз моҳи июни соли 2007 бар сарзаминҳои фаластинӣ дар Навори Ғазза мусаллат буда ва ин манотиқро мустақил аз Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ идора кардааст.
Камобеш аз замони тасаллути Ҳамос бар Ғазза, Исроил маҳдудиятҳоеро алайҳи иртиботи ин минтақа бо хориҷ ба иҷро гузошта ва аз онҷо, ки нерӯи дарёии Исроил обҳои соҳили Ғаззаро ҳам таҳти назорат дорад, танҳо роҳи иртиботи сокинони Ғазза бо ҷаҳони хориҷ гузаргоҳи марзӣ бо Миср будааст.
