Интихоби дубораи Холид Машъал барои раҳбарии Ҳамос

Ба гуфтаи мақомҳои расмии Ҳамос, Холид Машъал бори дигар ба унвони раҳбари сиёсии ин гурӯҳи фаластинӣ баргузида шуд.
Оқои Машъал аз соли 2004 пас аз кушта шудани шайх Аҳмад Ёсин ва Абдулазиз Рантисӣ, бунёдгузорони Ҳамос, раҳбарии ин гурӯҳро бар уҳда дорад.
Ба гуфтаи хабарнигорон ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки ӯ аз сӯйи раҳбарони қудратманди Ҳамос, ки дар Навори Ғазза иқомат доранд, канор гузошта шавад.
Оқои Машъал худ низ соли гузашта гуфта буд, ки қасд надорад барои даврае дигар раҳбарии Ҳамосро бар уҳда дошта бошад.
Бо ин ҳол, як мақоми расмии Ҳамос гуфтааст, ки шӯрое бо ҳузури ҳудуди 60 нафар аз мақомҳои аршади Ҳамос рӯзи душанбе дар Қоҳира оқои Машъалро барои чаҳор соли дигар интихоб кард.
Оқои Машъал, ки 56 сол пеш дар наздикии Ромаллоҳ дар Каронаи Бохтарӣ ба дунё омад, бештари солҳои умрашро дар табъид ба сар бурда ва фақат дар декабри соли гузашта пас аз наздик ба чиҳил сол ба муносибати биступанҷумин солгарди таъсиси Ҳамос ба Ғазза рафт.
Ӯ то соли гузашта дар Сурия ба сар мебурд, аммо бо вахим шудани вазъият дар он кишвар ва ҳамчунин ихтилоф бо сиёсатҳои давлати Сурия дар Миср иқомат гузид.
Ҳамос, ки аз замони таъсис равобити хубе бо Эрон дошт, дар яке ду соли ахир ба иллати ихтилофи назар бар сари буҳрони Сурия ин равобит рӯ ба сардӣ гузоштааст.
Гуфта мешавад, ки бисёре аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Қатар ва Миср, аз Холид Машъал ҳимоят мекунанд.
Бо ин ҳол ӯ дар миёни нерӯҳои тундрави фаластинӣ мунтақидоне дорад, ки ахиран ӯро муттаҳам ба "мусолиҳа" бо раҳбарони гурӯҳи рақиби Фатҳ ва ҳатто Исроил мекунанд.
Ӯ дар моҳи ноябр бар сари оташбаси миёни Ҳамос ва Исроил тавофуқ кард ва ҳамчунин дар моҳҳои ахир талошҳои зиёде барои беҳбуди равобити миёни Ҳамос ва Фатҳ кардааст.
Пирӯзии Ҳамос дар интихоботи порлумонии соли 2006 мунҷар ба ихтилофи ҷиддӣ бо Фатҳ шуд.
Ниҳоятан дар пайи даргириҳои мусаллаҳона дар Ғазза байни Ҳамос ва Фатҳ дар тобистони соли 2007 Фатҳ маҷбур ба хуруҷ аз Ғазза шуд. Аз он замон Ҳамос кунтрули ин минтақа аз сарзаминҳои фаластиниро дар ихтиёр дорад.
Чандин сол аст, ки ихтилофоти миёни Ҳамос ва Фатҳ боъиси ба таъвиқ афтодани интихобот дар манотиқи фаластинӣ шудааст. Бо он ки ин ду гурӯҳ дар соли 2011 тавофуқи сулҳ имзо карданд, аммо ин тавофуқ ҳанӯз амалӣ нашудааст.
Ҳамос аз сӯйи Омрико, Иттиҳодияи Урупо ва Исроил гурӯҳе теруристӣ шинохта мешавад.
Бисёре аз ҳомиёни оқои Машъал дар ҷаҳони Араб ӯро раҳбаре миёнарав медонанд ва муътақиданд сиёсатҳои инъитофпазир ва мутаъодили ӯ дар моҳҳои ахир метавонад муқаддимаҳои барчида шудани бахше аз таҳримҳо алайҳи ин гурӯҳро фароҳам кунад.
