Ҳавопаймоҳои низомии Исроил ба Навори Ғазза ҳамла карданд
Image copyrightAFPҲамлаи ҳавоии Исроил ба ҳадафҳое дар Навори Ғазза теъдоде захмӣ барҷой гузоштааст.
Бомдоди рӯзи панҷшанбеи 26 дай (16 январ) ҳавопаймоҳои нерӯи ҳавоии Исроил ба чанд нуқта дар сарзаминҳои фаластинӣ дар Навори Ғазза ҳамла карданд ва ба гуфтаи манобеъи фаластинӣ дар Ғазза, дастикам панҷ нафар дар асари ин ҳамалот захмӣ шудаанд.
Ҳамлаи ҳавоии Исроил соъоте пас аз он сурат гирифт, ки панҷ фарванд мушак аз дохили Ғазза ба сӯйи шаҳри Ашкелун, воқеъ дар ҷануби Исроил, партоб шуд.
Сухангӯйи артиши Исроил гуфтааст, ки ин мушакҳо қабл аз исобат (бархӯрдан) ба манотиқи шаҳрӣ тавассути системи дифоъи зиддимушакии Исроил, мавсум ба "Гунбади оҳанин", шиносоӣ ва мунҳадим (нобуд) шуд.
Гурӯҳҳои тундрави фаластинӣ масъули ин ҳамлаи мушакӣ муъаррифӣ шудаанд.
Ба гузориши хбарнигори Би-би-сӣ аз Ғазза, дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии Исроил, садои инфиҷор аз нуқоти мухталифи шаҳри Ғазза ба гӯш расид ва мақомоти бемористонӣ гуфтаанд, ки дар асари ин ҳамла чаҳор кӯдак ва як зани солманд ҷароҳати сатҳӣ бардоштаанд.
Мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки ҳадафи ин ҳамалоти ҳавоӣ пойгоҳҳои омӯзишӣ ва марокизи амалиётии тундравҳои мусаллаҳи фаластинӣ будааст.
Сухангӯйи гурӯҳи исломгарои Ҳамос, ки идораи умури Навори Ғаззаро дар даст дорад, гуфтааст, ки дастикам панҷ нуқта, аз ҷумла се муҷтамаъи мутаъаллиқ ба ин гурӯҳ, ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки яке аз манотиқи бумбороншуда пойгоҳи омӯзишии мутаъаллиқ ба типи Иззаддин Қаcсом, шохаи низомии Ҳамос, будааст.
Дар муқоиса бо гузашта дар чанд соли ахир аз шумори амалиёти мусаллаҳонаи гурӯҳҳои мустақар дар Ғазза алайҳи Исроил, аз ҷумла инфиҷорҳои интиҳорӣ ва мушакпаронӣ, ва ҳамчунин ҳамалоти Исроил ба ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ, коста шуда, аммо ин гуна амалиёт мутавафиқ нашудааст.
Ихтилофи фаластиниён ва вазъияти вахими Ғазза
Бар асоси тавофуқномаи сулҳи байни Исроил ва фаластиниён, Навори Ғазза бахше аз сарзаминҳои фаластинӣ аст, ки қарор аст ҳамроҳ бо Каронаи Бохтарии рӯди Урдун, кишвари мустақилли фаластинӣ дар он ташкил шавад.
Тибқи ин тавофуқнома, қарор буд идораи умури Ғазза бар уҳдаи Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ бошад, ки дар ҳоли ҳозир ташкилоти идории он дар шаҳри Ромаллоҳ, дар Каронаи Бохтарӣ, воқеъ аст.
Бо ин ҳама, шибҳинизомиёни гурӯҳи Ҳамос дар июни соли 2007 пас аз як даргирии чандмоҳа бо маъмурони Ташкилоти Худгардон ононро аз Ғазза ихроҷ карданд ва идораи умури ин минтақаро дар даст гирифтанд.
Бар хилофи Ташкилоти Худгардон гурӯҳи Ҳамос мавҷудияти Исроилро ба расмият намешиносад ва бо сулҳи байни фаластиниён ва Исроил мухолиф ва ба бозпас гирифтани тамомии арозии (заминҳои) фаластинӣ аз тариқи амалиёти мусаллаҳона муътақид аст.
Аз замони тасаллути (чира шудани) ин гурӯҳ бар Ғазза, Исроил ин минтақаро камобеш дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дода, ки ба бурузи камбуд ва фишор бар сокинони ин минтақа мунҷар шудааст.
Навори Ғазза дар соҳили дарёи Медитероне воқеъ шуда, аз як тараф бо Миср ва аз ду тарафи дигар бо Исроил ҳаммарз аст. Нерӯи дарёии Исроил кунтрули обҳои соҳилии Ғаззаро дар даст дорад ва ба далели баста будани фурӯдгоҳи Ғазза танҳо роҳи иртиботии ин минтақа бо хориҷ аз тариқи гузаргоҳи марзии Рафаҳ бо Миср аст.
Қабл аз тасаллути (чира шудани) Ҳамос бар Ғазза тибқи тавофуқномае байни Исроил ва Миср қарор буд ин гузаргоҳ тавассути маъмурони Ташкилоти Худгардон ва бо назорати намояндагони Иттиҳодияи Урупо фаъъолият кунад.
Бо ихроҷи маъмурони Ташкилоти Худгардон аз Ғазза намояндагони Иттиҳодияи Урупо низ ин маҳалро тарк карданд ва тайи ин солҳо убур аз ин гузаргоҳ барои дастрасӣ ба дунёи хориҷ ё комилан мутаваққиф ва ё ба шакле маҳдуд имконпазир будааст.
Исроил бо истинод ба тавофуқномаи сулҳ бо Ташкилоти Худгардон худро мулзам ба ҳамкорӣ бо Ҳамос намедонад ва бахусус ҳушдор додааст, ки ҳар гуна ҳамлаи мусаллаҳона аз дохили Навои Ғаззаро талофӣ мекунад.
Тайи солҳои ахир Исроил дар вокуниш ба ҳамалоти мусаллаҳона аз дохили Ғазза гоҳ ба амалиёти густарда ва тӯлонимуддати ҳавоӣ ва заминӣ даст зада, ки талафоти сангинеро бар сокинони Ғазза ворид сохтааст.
