Созмони Милал: Вазъияти Ғазза дар остонаи фоҷиъа аст

Як мақоми Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки камбуд ва қатъи мутановиби барқ дар навори Ғазза, зиндагии мардуми ин минтақаро таҳдид мекунад.
Роберт Фолк, гузоришгари мустақили Созмони Милали Муттаҳид хоҳони иқдоме фаврӣ барои расидагӣ ба ин вазъ шуда ва гуфтааст, ки як миллиюну ҳафтсад ҳазор нафар аз мардуми Ғазза дар шароити асафноке ба сар мебаранд.
Оқои Фолк гуфтааст, ки се ҳафта пас аз он ки танҳо нерӯгоҳи барқи Ғазза ба далели камбуди сӯхт таътил шуд, ҷараёни барқ тайи шабонарӯз ба шаш соъат маҳдуд шудааст.
Оқои Фолк аз суи Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал маъмури таҳияи гузорише дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар манотиқи ишғолии фаластинӣ шудааст.
Ин манотиқ дар ҷараёни ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 ба тасарруфи артиши Исроил даромад ва Созмони Милал онро манотиқи ишғолӣ эълом кардааст.
Камбуди сӯхт ва қатъи барқ бар зиндагии мардуми Ғазза асар гузошта ва боъис шуда то вазъияти хадамоти умумӣ монанди беҳдошт ва об ва системи фозилоб мухтал шавад.
Гузоришгари Созмони Милал мегӯяд қатъи барқ боъис шуда то бемороне, ки ба диёлизи кулия ниёз доранд, афроди ниёзманд ба амали ҷарроҳӣ ва зоймони навзодон бо хатар мувоҷеҳ шаванд.
Оқои Фолк ба баста шудани марзи Рафаҳ аз суи давлати Миср низ ишора карда, ки боъис шуда то беморони фаластинии сокини Ғазза натавонанд барои дармон ба он кишвар сафар кунанд.
Ӯ дар гузориши худ гуфта, ки мақомҳои исроилӣ назари мусоъидтаре дар мавриди судури муҷаввиз барои сокинони Ғазза нишон дода, ки барои дармони фаврӣ ва вижа дар садади вуруд ба Исроил ҳастанд, аммо ҳазинаи болои дармон дар Исроил боъис шуда то ин гузина дар дастраси ҳамагон набошад.
Гузоришгари Созмони Милал гуфта аз онҷо ки бахше аз таъсисоти фозилоби Ғазза ба далели камбуди сӯхт фаъол нест, сокинони бахшҳое аз шаҳри Ғазза ҳангоми рафтуомад ногузир ҳастанд аз миёни фозилоби хом убур кунанд.
Ҷунбиши фаластинии Ҳамос, ки идораи навори Ғазза дар манотиқи фаластиниро ба уҳда дорад, чанд моҳ пеш нисбат ба фурӯпошии иқтисодии ин минтақа ҳушдор дода ва гуфта буд, ки нобудии тунелҳо, ки аз онҳо барои қочоқи аҷнос миёни Ғазза ва Миср истифода мешуд, дар канори ташдиди маҳдудиятҳо дар гузаргоҳи марзии Рафаҳ, метавонад ба як фоҷеъаи инсонӣ мунҷар шавад.
