Истеъфои ғайримунтазираи кобинаи Миср
Image copyrightrҲозим Библовӣ, нахуствазири Миср дар нутқе телевизиюнӣ истеъфои ғайримунтазираи кобинаи ин кишварро эълом кард.
Оқои Библовӣ дар суханони худ ба далели ин истеъфо ишорае накард.
Ба нақл аз рӯзномаи давлатии Алаҳрор гуфта шуда, интизор меравад Иброҳим Маҳлаб, вазири маскан ҷонишини оқои Библовӣ шавад.
Ин тасмим дар пайи нишасти имрӯзи кобина, ки бо ҳузури фелдморшол Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва вазири дифоъ баргузор шуд, эълом шудааст.
Ҳозим Библовӣ, вазири дороии собиқ дар июли соли гузашта ва дар пайи барканории Муҳаммад Мурсӣ аз қудрат тавассути артиш аз суи раиси ҷумҳури муваққат ба унвони нахуствазир муъаррифӣ шуд.
Интизор меравад оқои Сисӣ базудӣ номзадии худро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълом кунад. Дар ин сурат ӯ аз ҳар ду пусти худ истеъфо хоҳад дод.
Бар асоси қонуни асосии ҷадиди Миср, ки дар январ ба тасвиб расид, интихобот бояд дар авосити моҳи апрел (ҳудуди ду моҳи дигар) баргузор шавад.
Ба гуфтаи хабарнигорон филдморшол Сисӣ ба далели маҳбубият ва ҳамчунин дар набуди руқабои ҷиддӣ аз шонси зиёде дар ин интихобот бархурдор аст.
