Русия 25 укройниро боздошт кард

  • 4 Апрел, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Даҳҳо тан аз мухолифони Ёнукович бо шиллики тактирандозон дар ҷараёни тазоҳуроти авохири феврал кушта шуданд.

Сервиси амниятии иттилоъотии Федеросиюни Русия (ФСБ) 25 шаҳрванди укройниро ба иттиҳоми барномарезӣ барои ҳамалоти теруристӣ дар ҳангоми айёми ҳамапурсии Криме боздошт кардааст.

ФСБ мегӯяд боздоштшудагон узви гурӯҳҳои миллигарои ифротӣ дар Укройнанд ва бар он будаанд, ки ҳамалоти худро дар хоки Русия ба иҷро дароварданд.

Ҳамазмон сервиси амниятии иттилоъотии Укройн ахбори расонаҳои Русия мабнӣ бар нақши ин ниҳод дар барномарезӣ ё дархости иҷрои "ҳамлот" унвоншударо беасос хондааст.

Гузоришгари Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд се нафар аз боздоштшудагон узви гурӯҳи миллигарои Ройт сектор (ҳизби рост) ҳастанд.

Ин афрод муттаҳаманд, ки талош крадаанд аз нерӯҳои низомии Русия аксбардорӣ кунанд ва ҳамзамон бо "аносири ифротӣ" дар Русия тамос бигиранд.

ФСБ дар баёнияи худ эълом карда, ки боздоштшудагон дар талош барои тартиб додани ҳамалоте дар рӯзҳои 14 то 17 март будааст.

Ҳамапурсии Криме рӯзи 16 март баргузор шуд ва тайи он ширкаткунандагон бо раъйи қотеъи худ хостори истиқлоли ин худмухторӣ ва пайвастани он ба Русия шуданд.

Дар баробар, чанд рӯз пеш ҳам давлати муваққати Укройн секрвиси амниятии иттилоъотии Русияро муттаҳам карда буд, ки 30 нафар аз нерӯҳои худро барои тартиб додани таҷаммуъҳо бар алайҳи давлати муваққат дар Киев маъмур карааст.

Раиси сервиси амниятии итилоъотии Укройн гуфта буд ФСБ ҳазорон килуграм маводди мухаддир ва муҳиммот вориди хоки Укройн кардааст.

Танишҳо миёни Кев ва Маскав аз замони суқути Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии собиқи Укройн ва бавижа илҳоқи нимҷазираи Криме ба хоки Русия боло гирифтааст.

НОТУ муддаъист, ки Русия даҳҳо ҳазор нерӯи низомӣ дар марзҳои шарқии Укройн мустақар кардааст.

Русия таъкид дорад, ки дар садади мудохилаи хоки Укройн нест ҳарчанд вазири хориҷаи Русия хостааст дар Укройн як низоми ҳукуматии федерол эҷод шавад, то манотиқи умдатан руснишини он кишвар аз ихтиёроти бештаре барои идораи умури худ бархӯрдор шаванд.

Image copyrightReuters
Image caption Укройн дар муқоиса бо Русия артиши қудратманд надорад

Қабл аз инзимоми Криме ба Русия ин ниимҷазира ба унвони як ҷумҳурии худгардони мутаъаллиқ ба Укройн идора мешуд ва порлумони маҳаллии Криме бо тасвиби қатъномае хостори пайвастани ин нимҷазира ба Русия шуд. Мақомоти Русия инзимоми Кримеро бо истинод ба ин мусавваба қонунӣ тавсиф кардаанд.

Рӯзи панҷшанбе ҳамчунин гузориш шуд, ки вазорати умури хориҷаи Русия сафири Олмон дар ин кишварро эҳзор ва нисбат ба изҳороти вазири дороии Олмон дар мавриди муқоисаи иқдоми Русия дар Криме бо мақомоти Олмони нозӣ эътироз кардааст.

Ҳамазмон Русия хоҳони тавзеҳи НОТУ дар мавриди афзоиши фаъъолиятҳояш дар Урупои Шарқӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Киев гузориш шуд вазири кишвари давлати интиқолии Укройн эълом карда таҳқиқоти расмӣ перомуни қатли чанд тан аз тазоҳуркунандагони мухолифи раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар дар ҷараёни тазоҳуроти эътрозӣ дар моҳи феврал нишон медиҳад, ки ин афрод ба дасти маъмурони созмони пулиси зиддишӯриши собиқ - беркут - ба қатл расиданд.

Оқои Авоков афзуд, ки аз ҷумлаи шавоҳиди бадастомада дар ин маврид ин аст, ки як қабза аслиҳа барои куштани ҳашт тан аз кушташудагон ба кор рафт дар натиҷа тирандозии мутақобил ба унвони иллати қатли тазоҳуркунандагон мантиқӣ нест.

Матолиби муртабит