Ҳамла ба сохтмонҳои давлатӣ дар шарқи Укройн

  • 7 Апрел, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Дар шарқи Укройн бештари мардум рустабор ҳастанд

Тарафдорони Русия дар шарқи Укройн дар чанд шаҳр ба сохтмони давлатӣ ҳамла карда ва бо пулис даргир шудаанд.

Чандсад рустабор рӯзи якшанбе дар Дунетск ва Луҳонск сохтмонҳои устондориро ба кунтрули худ дароварданд.

Ин афрод хоҳони пайвастан ба Русия ҳастанд ва мегӯянд дар ин бахш аз Укройн бояд як ҳамапурсӣ назири он чи ахиран дар нимҷазираи Криме баргузор шуд, анҷом шавад.

Дар ҳамапурсии Криме аксарияти мардум ба пайвастан ба Русия раъй доданд ва ба ин кишвар мулҳақ шуданд, иқдоме, ки Укройн ва кишварҳои ғарбӣ онро ғайриқонунӣ медонанд.

Хабаргузории Интерфокси Русия гузориш медиҳад, ки дар Харков, дувумин шаҳри бузурги Укройн низ рӯзи якшанбе муътаризони сохтмони устондориро тасарруф карданд.

Дар Киев, пойтахти Укройн, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Русия дар ҳоли созмондиҳии як ҳаракати таҷзияталаб дар шарқи Укройн бошад.

Орсен Овоков, вазири кишвари Укройн, рӯзи якшанбе ваъда дод бидуни хунрезӣ ва тавассул ба хушунат назму оромишро ба шарқи кишвар барқарор кунад.

Ӯ гуфт Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии барканоришудаи Укройн ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, барои афзоиши танишҳо ва бесуботӣ дар Укройн ҳамкорӣ мекунанд.

Вазири кишвари Укройн тайи баёнияе гуфтааст: "Путин ва Ёнукович дастури тозатарин мавҷи нооромӣ ва таҷзияталабӣ дар шарқи Укройнро содир карда ва ҳазинаи онро пардохтаанд. Онҳое, ки таҷаммуъ кардаанд, теъдодашон зиёд нест, вале бисёр хашин ҳастанд."

Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, низ дар як ҷаласаи изтирорӣ бо мақомҳои амниятии аршад дар Киев ба баррасии авзоъи шарқи кишвараш пардохтааст. Ӯ барномаи сафараш ба ҷумҳурии Литвониро лағв кардааст.

Дар шарқи Укройн бештари мардум рустабор ҳастанд. Ин минтақа пойгоҳи аслии раиси ҷумҳурии махлӯъи Укройн ба ҳисоб меояд.

Аз замони барканории Виктур Ёнукович дар пайи эътирозоти моҳи феврал, танишҳо дар шарқи Укройн башиддат афзоиш ёфтааст.

Бинобар гузоришҳо, дар шаҳри Дунетск рӯзи якшанбе ҳудуди 1500 нафар даст ба эътироз заданд.

Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфт, ки муътаризон базӯр вориди яке аз сохтмонҳои аслии давлати маҳаллӣ шуданд ва парчами Русияро дар болкуни табақаи дувум барафроштанд.

Бинобар гузориши телевиэиюни Укройн, дар вақоеъи рӯзи якшанбе дар шаҳри Луҳонск се нафар захмӣ шуданд. Мақомҳои пулиси маҳаллӣ ин гузоримшро таъйид намекунанд.

Муътаризон мегӯянд, ки қонунгузорони маҳаллӣ дар Дунетск ва шаҳрҳои дигар бояд дар як нишасти изтирорӣ масъалаи мулҳақ шудани шарқи Укройн ба Русияро ба раъй бигузоранд.

Танишҳо миёни Киев ва Маскав аз замони суқути Виктур Ёнукович ва бавижа илҳоқи нимҷазираи Криме ба хоки Русия боло гирифтааст.

Ғарб мегӯяд, ки Русия даҳҳо ҳазор нерӯи низомӣ дар марзҳои шарқии Укройн мустақар карда ва барои амалиёти низомии дигаре омода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Русия таъкид дорад қасди иқдоми низомӣ дар шарқи Укройнро надорад. Бо ин ҳол, Маскав мегӯяд бояд дар Укройн як низоми ҳукуматии федерол эҷод шавад, то манотиқи умдатан руснишини он кишвар аз ихтиёроти бештаре барои идораи умури худ бархӯрдор шаванд.

Матолиби муртабит