Ҳушдори Омрико ба Русия дар мавриди 'бесубот' кардани Укройн

  • 8 Апрел, 2014
Image copyrightna
Image caption Укройн Русияро ба дахолат дар шарқи ин кишвар муттаҳам карда, аммо Масав мегӯяд чунин нест

Дар пайи ишғоли сохтмонҳои давлатӣ дар се шаҳри шарқии Укройн тавассути тазоҳуркунандагони ҳаводори Русия давлати Омрико мегӯяд, ки ба назар намерасад ин таҳаввулот "худҷӯш" бошад ва ба Русия ҳушдор дода, ки Укройнро бесубот накунад.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар тамосе телефунӣ ба Сергей Лавров, ҳамтои руси худ гуфтааст, ки ҳар талоше аз сӯйи Русия барои эҷоди бесуботӣ дар онҷо "ҳазинаҳое ба бор хоҳад овард."

Ду мақом аз эҳтимоли дидоре рӯдарӯ зарфи даҳ рӯзи оянда сухан гуфтаанд.

Пас аз юриши тазоҳуркунандагон ба сохтмонҳои давлатӣ дар Дунетск, Луҳонск ва Харков, давлати Укройн дар ҳоли эъзоми мақомҳои амниятӣ ба ин шаҳрҳост.

Рӯзи душанбе иддае аз ҳаводорони Русия, ки шӯрои Дунетск дар шарқи Укройнро тасарруф кардаанд аз Укройн "эъломи истиқлол" карда ва хоҳони баргузории ҳамапурсӣ дар рӯзи 11 май барои пайвастан ба Русия шуданд.

Онҳо ҳамчунин аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дархост кардаанд, ки нерӯҳои "сулҳбон" ба ин минтақа эъзом кунад.

Русия ахиран дар пайи як ҳамупурсӣ нимҷазираи Кримеи Укройн, ҷоеро, ки аксар ҷамъияти он русзабон ҳастанд, ба хоки худ мулҳақ кард. Маҷмаъи Умумии Созмони Милал он ҳамапурсиро ғайриқонунӣ хонд ва рад кард.

Русия ҳамакнун ҳазорон сарбозро дар канори марзҳояш бо Укройн мустақар карда, аммо исрор меварзад, ки қасди таҳоҷум ба Укройнро надорад, аммо ҳаққи ҳифозат аз рустаборҳоои Укройнро маҳфуз медорад.

Маскав давлати кунунии Укройнро ба расмият намешиносанд. Давлати ҷорӣ дар Киев дар пайи тазоҳуроти густардаи муътаризон ва барканории Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури наздик ба Маскав сари кор омад.

'Доман задан ба таниш'

Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико, гуфт, ки Ҷон Керрӣ дар тамосаш бо Сергей Лавров хостааст "Русия аланан аз фаъъолиятҳои ҷудоиталабон, харобкорон ва таҳриккунандагон эъломи бароат кунад."

Хонуми Сокӣ гуфт, ки оқои Керрӣ ба ин масъала ишора карда, ки ба назар намерасад таҳаввулоти шарқи Укройн "якришта ҳаводиси худҷӯш бошад."

Хонуми Сокӣ гуфт: "Вазири хориҷа рӯшан кард, ки талошҳои бештари Русия барои бесубот кардани Укройн ҳазинаҳои бештаре барои Русия ба бор хоҳад овард."

Омрико ва Иттиҳодияи Урупо қаблан дар иртибот бо илҳоқи Криме таҳримҳоеро барои шуморе аз афрод дар Русия ва ҳамчунин дар Укройн таҳмил кардаанд.

Оқои Лавров дар мақолае дар рӯзномаи "Гордиян" ин масъаларо, ки кишвараш барои бесубот кардани Укройн талош мекунад, рад кард ва Ғарбро ба "доман задан ба танишҳо бидуни далел" муттаҳам кард.

Ӯ ҳамчунин ба мақомҳои Киев ихтор дод алайҳи тазоҳуркунандагони ҳаводори Русия аз зӯр истифода накунанд.

Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки "аз наздик" таҳаввулот дар шарқи Укройн "бахусус дар Дунетск, Луҳонск ва Харковро зери назар дорад" ва бори дигар хостори эҷоди як низоми федеролӣ дар Укройн бо ихтиёроти бештар барои устонҳои ин кишвар шуд.

Дар баёнияи вазорати хориҷа омадааст: "Аз муқассир шинохтани Русия ба хотири ҳар мушкиле, ки дар Укройн имрӯз иттифоқ меафтад даст бардоред."

Тазоҳуркунандагони ҳаводори Русия якшанбешаб сохтмонҳои давлатӣ дар Харков, Луҳонск ва Дунетскро ишғол карданд. Пулис гуфт, ки тазоҳуркунандагонро аз сохтмоне дар Харков берун рондааст, аммо дар Луҳонск тазоҳуркунандагон силоҳҳоро бо худ бурданд.

Олексондр Турчинев, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, нооромиро талоше аз тарафи Русия барои "қатъи узви" Укройн хонд.

Ӯ дар нутқе телевизиюнӣ гуфт, ки ин "дувумин мавҷи" амалиёти Русия барои бесубот кардани Укройн, сарнагун кардани давлат ва ихлол дар барномарезиҳо барои баргузории интихобот аст.

Нахуствазири муваққати Укройн ҳам Русияро дар ишғоли сохтмонҳои давлатӣ дар шарқи ин кишвар муқассир шинохт ва гуфт: "Ҳпадаф бесубот кардани авзоъ аст, ҳадаф ин аст, ки нерӯҳои хориҷӣ аз марз бигзаранд ва хоки икшварро бигиранд, аммо мо иҷозаи онро намедиҳем."

Матолиби муртабит