"Эъломи истиқлоли" ҳаводорони Русия дар Дунетск дар шарқи Укройн

  • 7 Апрел, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Ҳаводорони Русия дар сохтмонҳои давлатии шарқи Укройн сангар бастаанд

Марокизи фармондеҳии нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ дар ду шаҳри шарқи Укройн ба тасарруфи ҳаводорони Русия даромадааст ва иддае аз ҳаводорони Русия, ки шӯрои Дунетск дар шарқи Укройнро тасарруф кардаанд аз Укройн "эъломи истиқлол" карда ва хоҳони баргузории рефрондуме барои пайвастан ба Русия шудаанд.

Онҳо ҳамчунин аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дархост кардаанд, ки нерӯҳои "сулҳбон" ба ин минтақа эъзом кунад.

Ҳудуди 2000 нафар аз ҷудоихоҳони ҳаводори Русия, ки баъзе мусаллаҳанд, гирди сохтмони давлати маҳаллӣ дар ин шаҳр ҷамъ шудаанд.

Ҳамзамон вазорати дифоъи Укройн эълом кардааст, ки як афсари нерӯҳои дарёии Укройн ба дасти сарбозии рус дар Криме кушта шудааст. Ҷузъиёте аз ин амр мунташир нашуда ва тарафи русӣ низ то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст.

Мақомоти укройнӣ мегӯянд ҳаводорони Русия марокизи амниятӣ дар шаҳрҳои Дунетск ва Луҳонскро дар ихтиёр гирифтаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки муътаризон дар Луҳонск ба анбори муҳимоти артиш дар ин шаҳр юриш бурдаанд.

Пулис роҳҳоро дар ин шаҳр бастааст.

Дунетск ва Луҳонск рӯзи гузашта низ саҳнаи эътирозоти ҳаводорони Русия буданд ва мухолифони русгарои давлати муваққати Укройн дирӯз сохтмонҳои маркази ҳукумати маҳаллӣ дар ин шаҳрҳоро тасарруф карданд.

Дар шаҳри Хоркиф низ мухолифон ба сохтмонҳои давлатӣ ҳамла карданд, ки ба гуфтаи масъулони укройнӣ муътаризон акнун ин сохтмонҳоро тарк кардаанд.

Мухолифони давлати муваққати Укройн дар шаҳҳои шарқии ин кишвар хоҳони пайвастан ба Русия ҳастанд ва мегӯянд, ки дар ин бахш аз Укройн бояд як ҳамапурсӣ назири он чи ахиран дар шибҳҷазираи Криме баргузор шуд, анҷом шавад.

Дар ҳамапурсии ҷанҷолии Криме аксарияти раъйдиҳандагон ба пайвастан ба Русия раъй доданд ва ба ин кишвар мулҳақ шуданд, иқдоме, ки Укройн ва кишварҳои ғарбӣ онро ғайриқонунӣ медонанд.

Матолиби муртабит