Ҳушдори Русия ба Укройн барои ҷилавгирӣ аз ҷанги дохилӣ
Image copyrightAFPРусия ба Укройн ҳушдор додааст, ки ҳар гуна омодасозии низомӣ дар ҷанубу ғарби ин кишварро, ки мумкин аст мунҷар ба оғози ҷанги дохилӣ шавад, мутаваққиф кунад.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Русия омадааст, ки Укройн барои фиристодани нерӯҳояш ба минтақа барномарезӣ карда ва ин кишварро муттаҳам карда, ки дар миёни ин нерӯҳо паймонкорҳои низомии хусусии омрикоӣ ҳам ҳузур доштанд.
Ҳушдори Русия баъд аз ин буд, ки мақомоти укройнӣ гуфтаанд дар тӯли шаби гузашта амалиёти зиддитеруристӣ дар сохтмони идории маҳаллӣ дар шарқи шаҳри Харков анҷом дода ва ҳафтод ҷудоихоҳи ҳаводори Маскавро, ки сохтмонро тасхир карда буданд, дастгир карданд.
Дабири кулли НОТУ ба Русия ҳушдор додааст, ки дахолатҳои бештар дар Укройн иштибоҳе таърихӣ ва паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад буд.
Рӯзи душанбе фаъъолони ҳаводори Русия дар Харков аз Киев ва Дунетск эъломи истиқлол карданд.
Маскав ҳар гуна созмондиҳӣ дар ростои бесуботӣ ва таҳрики эҳсосоти ҷудоихоҳона дар Укройнро инкор кардааст.
Давлати Омрико низ гуфтааст, ки ба назар намерасад ин таҳаввулот "худҷӯш" бошад ва ба Русия ҳушдор дода, ки Укройнро бесубот накунад.
