Як кушта дар даргирии байни нерӯҳои амниятии Укройн ва тарафдорони Русия дар Ислувенск

  • 13 Апрел, 2014
Image copyrightAP
Image caption Афроди мусаллаҳи тарафдори Русия, ки истгоҳи пулиси Ислувенскро ишғол кардаанд

Мақомоти вазорати кишвари Укройн мегӯянд, ки як нафар аз нерӯҳои амниятии ин кишвар дар даргирӣ бо ҳаводорони мусаллаҳи тарафдори Русия кушта шудааст.

Ин хабар соъоте пас аз он эълом шуд, ки нерӯҳои амниятии Укройн амалиётеии "зиддитеруристиро"ро дар шаҳри Ислувенск дар шарқи ин кишвар оғози кардаанд то посгоҳи пулиси шаҳрро, ки ба ишғоли афроди мусаллаҳи тарафдори Русия даромада буд, бозпас бигиранд.

Арсен Аваков, вазири кишвари Укройн имрӯз (якшанбе, 13 апрел, 24 фарвардин) дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт "тамоми воҳидҳои амниятии" Укройн дар ин амалиёт ширкат доранд.

Дирӯз мардони мусаллаҳ посгоҳи пулис ва сохтмонҳои давлатиро дар Ислувенск ва ду шаҳри дигар дар шарқи Укройн, Кромотурск ва Дружкувкоро ишғол карда буданд.

Ин афроди мусаллаҳ бо юнифурмҳои зидииститор ва бо утубус ба маҳал эъзом шуда буданд.

Русия пеш аз ин ҳушдор дода буд, агар Укройн дар муқобала бо "муътаризон" аз зӯр истифода кунад гуфтугӯи сулҳи Укройн, ки қарор аст панҷшанбеи ин ҳафта дар Женеви Суис анҷом шавад, бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Дишаб пас аз он ки афроди мусаллаҳи тарафдори Русия бо нерӯҳои амниятии Укройн дар Кромотурск, шаҳре дар наздикии Ислувенск, даргир шуданд, Александр Турчинов барои як ҷаласаи амниятии изтирорӣ фарохон дод, ки натиҷаи он эълом нашуд ва фақат гуфта шуд роҳҳои "оддӣ кардани" авзоъ дар минтақа баррасӣ шудааст.

Дирӯз Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико аз "харобкорӣ ва таҳрикоти ҳидоятшудаи" нерӯҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия дар шарқи Укройн башиддат ибрози нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи яке аз мақомоти аршади вазорати хориҷаи Омрико оқои Керрӣ дар гуфтугӯи телефунӣ бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ба Маскав ҳушдор дод, агар "иқдом ба танишзудоӣ дар минтақа накунад ва нерӯҳояшро аз марзи Укройн дур накунад бо авоқиби бештаре рӯбарӯ хоҳад шуд."

Арсен Аваков, вазири кишвари Укройн дирӯз дар сафҳаи Фейсбуки худ ин иқдомотро "нишонаи таҷовузгарии Русия" хонд ва Андрей Дашитса, вазири хориҷаи муваққати Укройн ҳам дар тамосе телефунӣ бо Сергей Лавров аз Маскав хост то ба "иқдомоти таҳрикомези нерӯҳои вижаи Русия дар марзи шарқии Укройн поён диҳад."

Image copyrightAP
Image caption Оқои Керрӣ Русияро ба таҳримҳои бештар таҳдид кард

Сергей Лавров ин маворидро рад ва хотирнишон кард, ки Вошингтун ҳам қаблан чунин иддаъоро матраҳ карда "бидуни он ки ҳеҷ далели қонеъкунандае барои он ироа кунад."

Нигаронии Омрико баъд аз он иброз шуд, ки дар рӯзҳои гузашта афроди мусаллаҳи тарафдори Русия дар чанд шаҳри шарқии Укройн аз ҷумла Луганск, Донетск, Кромотурск ва Ислувенск шуморе аз сохтмонҳои давлатӣ ва посгоҳҳои пулисро дар ихтиёр гирифта ва парчами Русияро бар фарози онҳо ба эҳтизоз дароварданд.

Ба гуфтаи мақомоти укройнӣ ин афрод ба силоҳҳои русӣ аз ҷумла Колошникув муҷаҳҳаз ҳастанд ва юнифурмҳои онҳо мушобеҳи касоне аст, ки пойгоҳҳои низомии Укройнро дар шибҳҷазираи Криме тасарруф карданд.

Image copyrightReuters
Image caption Як марди марди мусаллаҳ дар муқобили муътаризони ҳаводори Русия дар сарфармондеҳии пулиси шаҳри Ислувенск

Русия баъд аз тасарруфи Криме даҳҳо ҳазор нафар аз теъдоди нерӯҳояшро наздики марзи шарқии Укройн мустақар карда ва баҳои гози содиротӣ ба ин кишварро ҳам ба ду баробар афзоиш додааст.

Кохи Сафед дирӯз ҳамчунин дар баёнияе эълом кард, ки Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳури Омрико душанбеи ҳафтаи оянда ба Киев сафар хоҳад кард.

Ба гуфтаи Кохи Сафед оқои Бойден дар ин сафар бар талошҳои байналмилалӣ барои тақвият ва тасбити иқтисоди Укройн тамаркуз хоҳад кард.

Ба илова ӯ дар бораи ислоҳи қонуни асосӣ, тамаркуззудоӣ , мубориза бо фасоди ҳукуматӣ ва амнияти энержӣ бо мақомоти давлати муваққати Укройн музокира хоҳад кард.

Дар баёнияи Кохи Сафед омада оқои Бойден дар ин сафар бо сарони давлат ва фаъолони ҷомеъаи маданӣ дидор хоҳад кард ва бар "ҳимояти қотеъи Омрико аз як Укройни муттаҳид ва демукротик дар интихоби масири оянда" таъкид хоҳад кард.

Матолиби муртабит