Путин: Бидеҳиҳои Укройн мумкин аст Урупоро дучори камбуди гоз кунад

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар номае ба раҳбарони чанд кишвари урупоӣ ҳушдор дода, ки воридоти гози онҳо аз Русия мумкин аст ба далели бидеҳиҳои Укройн бо мушкил рӯбарӯ шавад.
Бисёре аз кишварҳои шарқи Урупо гози воридотии худро аз Русия ва аз тариқи хатти лӯлае, ки аз Укройн убур карда, дарёфт мекунад. Олмон, Итолиё ва Утриш пурмасрафтарин кишварҳои ғарбӣ ҳастанд.
"Гаазпром", бузургтарин тавлидкунандаи энержии Русия, мегӯяд, ки Укройн 2.2 милиёрд дулор ба Русия бидеҳкор аст, ки ахиран ин маболиғ ду баробар шуда ва бояд пардохт шавад.
Киев ҳозир ба қабули афзоиши ин бидеҳӣ нест.
Пештар муъовини нахуствазири Русия хатари аз даст додани муштариёни урупоиро рад карда ва гуфт бозори ҷойгузин барои тавлидоти энержии кишвараш вуҷуд дорад.
Дар моҳҳои гузашта эътирозҳое алайҳи давлати Укройн шакл гирифт, ки дар ниҳоят ба барканории раиси ҷумҳурии ин кишвар ва ташкили давлати муваққати наздик ба Ғарб мунҷар шуд.
Пас аз он нерӯҳои ҳаводори Русия дар нимҷазираи Криме ҳозир шуданд ва бо раъйи порлумони ин ҷумҳурии худмухтор ҳамапурсӣ дар бораи пайвастан ба Русия баргузор шуд, ки натиҷаи он раъйи мусбати аксарият буд.
Маскав низ ин натиҷаро ба расмият шинохт ва Кримеро расман ба унвони ҷузъе аз Федеросиюни Русия эълом кард.
Давлати муваққати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ аз ин иқдом башиддат интиқод кара ва онро номашрӯъ хондаанд.
Дар ин муддат Русия қимати гози содиротиаш ба Укройнро низ як севум афзоиш дод.
Киев ва Вошингтун, Маскавро муттаҳам кардаанд, ки ба нооромиҳо дар манотиқи руснишини шарқиУкройн доман мезанад, то битавонад заминаи илҳоқи бахшҳои дигаре аз Укройнро фароҳам кунад.
Русия ин иддаъоро башиддат рад кардааст.
