Оғози амалиёти 'зиддитеруристии' Укройн алайҳи ҷудоиталабони ҳаводори Русия

  • 16 Апрел, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Нозирон мегӯянд буҳрони Укройн ба яке аз хатиртарин лаҳазоташ расидааст

Бо идомаи нооромиҳо дар шарқи Укройн, давлати муваққат дар Киев эълом кардааст, ки амалиёти "мубориза бо терурисм"-ро алайҳи ҷудоиталабони ҳаводори Русия оғоз мекунад.

Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, гуфтааст, ки ин амалиёт гом ба гом ва ба шакле "масъулона" анҷом мешавад.

Маскав дар бораи амалиёт ибрози нигаронӣ кардааст.

Давлати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ Русияро дар бораи авзоъи пурошӯби шарқи ин кишвар муқассир медонанд.

Аз замони сарнагунии давлат дар Киев, ки дар пайи ҳафтаҳо эътироз ва таҷаммуъи хиёбонӣ рух дод, Маскав ҳамвора дар бораи осоиш ва амнияти рустаборони Укройн ибрози нигаронӣ карда ва худро дар ин бора масъул шумурдааст.

Рӯзи сешанбе соъоте пас аз дастури раиси ҷумҳурии Укройн, садои тирандозӣ аз пойгоҳе ҳавоӣ шунида шуд.

Давлати муваққати Киев мегӯяд ин пойгоҳ дар ихтиёри шибҳинизомиёни ҳаводори Маскав будааст.

Оқои Турчинов баъдан дар порлумон гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ як пойгоҳи ҳавоӣ дар Кромотурск дар шарқи Укройнро "аз дасти теруристҳо озод кардаанд."

Ҷонотон Моркус, хабарнигори ҳавзаи дифоъӣ ва диплумотики Би-би-сӣ, мегӯяд ин шояд хатиртарин мақтаъи замонӣ дар буҳрони Укройн бошад.

"Нигаронии" Русия

Image copyright.
Image caption Маскав дар бораи даргирифтани ҷанги дохилӣ дар Укройн ҳушдор додааст

Амалиёти амниятии давлати Киев, барои Маскав нигаронкунанда аст.

Шӯришиёни ҳаводори Русия сохтмонҳоеро дар ҳудуди даҳ шаҳр дар устонҳои шарқии Укройн ишғол кардаанд. Саноеъи сангини Укройн дар ин минтақа мутамаркиз шудаанд.

Гузориш шудааст, ки ҳазорон нерӯи низомии Русия дар наздикии марз бо Укройн саф кашидаанд. Ин ороиши низомӣ ба нигарониҳо доман задааст, ки ҳар гуна бархӯрд бо шӯришиён дар Укройн метавонад мошаи ҳамлаи Русияро бикашад.

Русия моҳи гузашта ноҳияи худмухтори Кримеро, ки бахше аз Укройн буд, дар пайи як ҳамапурсии баҳсбарангез дар он ба хоки худ мулҳақ кард.

Кишварҳои ғарбӣ ҳамчунон аз Русия мехоҳанд аз доман задан ба буҳрони Укройн парҳез кунад.

Рӯзи сешанбе Кохи Сафед иқдоми давлати муваққати Укройнро "санҷида" хонд ва ҳушдор дод, ки ба таври ҷиддӣ дар ҳоли баррасии таҳримҳои бештар алайҳи Русия аст.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, дар тамосе телефунӣ бо Владимир Путин, ҳамтои худ дар Русия, аз ӯ хост аз нуфузаш дар миёни ҷудоиталабон дар Дунтеск ва дигар бахшҳои шарқи Укройн истифода кунад ва онҳоро қонеъ кунад , ки ақибнишинӣ кунанд.

Оқои Путин дар ин тамос дахолати Русия дар буҳронро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин дар тамоси телефунӣ бо Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст, ки интизор дорад ҷомеъаи ҷаҳонӣ, иқдомоти давлати Киевро маҳкум кунад.

Раиси ҷумҳурии Русия гуфтааст иқдомоти давлати муваққат "буҳронро амиқтар мекунад."

Як сухангӯйи вазорати хориҷаи Русия дар бораи "гузоришҳое аз марги афрод" дар ҷараёни амалиёти давлати муваққати Укройн амиқан ибрози нигаронӣ кард. Ин гузоришҳо ҳанӯз қобили таъйид нест.

Пеш аз он Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ҳам ҳушдор дода буд, ки Укройн дар остонаи ҷанги дохилӣ аст ва аз мақомҳои Укройн хост аз бурузи як фоҷиъа парҳез кунанд.

Матолиби муртабит