Ғарб таҳримҳои бештареро алайҳи Русия дар назар мегирад

  • 15 Апрел, 2014
Image copyrightna
Image caption Тазоҳуркунандагони ҳаводори Русия дар шарқи Укройн ба сохтмонҳои давлатӣ ҳамла мекунанд

Бо идомаи нооромиҳо дар шарқи Укройн, Иттиҳодияи Урупо ва Омрико мегӯянд "ҳазинаи бештареро"ба хотири иқдомоти Русия дар Укройн бар ин кишвар эъмол хоҳанд кард.

Вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо рӯзи душанбе гуфта, ки шумори дигаре аз афродро ба феҳристи таҳримҳои худ хоҳанд афзуд. Кишварҳои ғарбӣ қаблан дар иртибот бо илҳоқи Криме ба Русия пас аз шурӯъи буҳрони Укройн, таҳримҳоеро бар баъзе аз шаҳрвандони Русия эъмол карда буданд.

Танишҳо дар Укройн ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст ва фаъъолони ҳаводори Русия дар шумори бештаре аз шаҳрҳои шарқии Укройн сохтмонҳои давлатиро ишғол кардаанд.

Давлати Омрико ҳам рӯзи душанбе гуфт, ки ҷангандаи русӣ бори дигар аз наздикии як нови ҷангии Омрико дар дарёи Сиёҳ убур кард.

Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, гуфт, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бори дигар қасд дорад дар бораи буҳрони Укройн бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, телефунӣ гуфтугӯ кунад. Ду раҳбар қаблан дар ин бора ҳарф задаанд.

Оқои Корнӣ дар кунфронси хабарии рӯзи душанбе ихтор дод, ки иқдомоти Русия "ҳазина хоҳад дошт."

Бо ин ҳол, ӯ афзуд, ки Омрико феълан дар назар надорад силоҳҳои "маргбор" дар ихтиёри Укройн қарор диҳад.

Вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар нишасте дар Лукзомбург гуфтанд тасмим гирифтаанд "феҳристи касонеро, ки дар маърази мусодираи дороиҳо ва мамнӯъияти визо қарор гирифтаанд, густариш диҳанд."

Вилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, ба хабарнигорон гуфт, ки ба эътиқоди ӯ ишғоли сохтмонҳои давлатӣ дар шаҳрҳои шарқии Укройн "чизе аст, ки тавассути Русия барномарезӣ ва муҳаққақ мешавад."

Маскав дахолати нооромиҳои шарқи Укройнро рад мекунад.

Вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо ҳамчунин тарҳеро барои ироаи як милёрд юру кумаки иқтисодӣ ба Укройн тасвиб карданд.

Онҳо ҳамчунин аз "коҳиши муваққатӣ ё ҳазфи таъруфаи гумрукӣ" бар содироти Укройн ба Иттиҳодияи Урупо ҳимоят карданд.

Дар Вошингтун ҳам дар ҷараёни дидоре миёни Ҷекуб Лу, вазири дороии Омрико ва Александр Шлапак, ҳамтои укройнии ӯ, Омрико ба эътои як воми якмилиёрддулорӣ ба Киев мувофиқат кард.

Идомаи таниш дар шарқ

Муътаризони тарафдори Русия ба посгоҳи пулиси шаҳри Ҳурливко (Горловка) дар шарқи Укройн ҳамла карда ва вориди он шудаанд.

Тасовири видиюӣ, ки аз ин ҳамла мунташир шуда, нишон медиҳад ҳудуди сад нафар ба ин сохтмон ҳуҷум бурда ва теъдоди зиёде аз онҳо як афсари пулисро кутак мезананд.

Нерӯҳои низомии тарафдори Русия дар шаш шаҳри дигар дар шарқи Укройн ҳам кунтрули сохтмонҳои давлатӣ ва посгоҳҳои пулисро дар даст доранд.

Бо вуҷуди ба поён расидани зарбулаҷале, ки давлати Киев ба ин нерӯҳо дода, онҳо ишғоли сохтмонҳои давлатиро идома дода ва ин зарбулаҷалро нодида гирифтаанд.

Ба гуфтаи хабарнигорон, ин нерӯҳо бавижа дар Дунетск ва Ислувёнск омодаанд, то дар сурати ҳамлаи нерӯҳои амниятии Укройн, бо онҳо муқобила ва аз мавозеъи худ дифоъ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури муваққати Укройн дар чархише ғофилгиркунанда пешниҳод дод ҳамапурсӣ бар сари низоме федерол ва эътои ихтиёроти бештар ба давлатҳои маҳаллӣ барпо шавад. Ӯ ҳамчунин аз Созмони Милал хоста ба шарқи Укройн сулҳбон эъзом кунад.

Дирӯз Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муҷваққати Укройн, эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барои як амалиёти тамом айёри "зиддитеруристӣ" дар шарқи кишвар омода мешаванд. Ӯ ҳушдор дод, ки иҷоза нахоҳад дод ончи дар Криме иттифоқ афтод, дубора такрор шавад.

"Нигаронии" Путин

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, рӯзи душанбе гуфт, ки ба нафъи Русия нест, ки Укройн таҷзия шавад, аммо афзуд, ки Маскав мехоҳад Укройн бо ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар бархӯрде яксон дошта бошад.

Русия ҳамвора дар ин буҳрон нисбат ба вазъияти русзабонҳои Укройн ибрози нигаронӣ кардааст.

Оқои Лавров ҳамчунин ин иддаъоро, ки маъмурони Русия ба нооромӣ дар шарқи Укройн доман мезананд, такзиб кард ва ҳамчунин гуфт Маскав аз Вошингтун хоста, то дар мавриди дидори Ҷон Бренон, мудири Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико (Си-ой-эй) аз Киев тавзеҳ диҳад.

Кохи Сафед таъйид карда, ки оқои Бренон дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Киев буда, аммо гуфт, ки ин сафар "оддӣ" аст ва ҳар иддаъое ба ғайр аз он "ғалат" аст.

Сухангӯйи Владимир Путин ба хабаргузории Интерфокси Русия гуфт, ки ӯ "дархостҳои зиёде аз шарқи Укройн дарёфт кардааст... ки аз ӯ мехоҳад ба навъе (ба онҳо) кумак бирасонад" ва ин ки ӯ таҳаввулоти минтақаро "бо нигаронии зиёд дунбол мекунад."

Русия рӯзи якшанбе дар нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз Киев хост алайҳи тазоҳуркунандагон дар шарқи Укройн аз зӯр истифода накунад.

Аммо сафири Укройн дар Созмони Милал гуфт, ки Маскав ба дунболи эҷоди буҳрони сохтагӣ дар шарқи кишвараш аст.

Вазири хориҷаи Укройн душанбе гуфт, ки метавонад бо шавоҳид собит кунад, ки нерӯҳои Русия дар пушти "амалиёти ҷудоихоҳонаи" шарқи Укройн қарор доранд ва гуфт ин шавоҳидро дар нишасте дар идомаи ҳафта дар Женев арза хоҳад кард.

Матолиби муртабит