Истротижии Русия дар Укройн; руъёи Урупо фурӯ мепошад
Image copyrightBBC World ServiceРусия ба аҳдофе бузург аз Укройн чашм дӯхта ва мехоҳад вазъияти мавҷуди Урупоро, ки пас аз фурӯпошии Шуравӣ эҷод шуда, аз ҳам бипошад.
Дар ҷаласаи ахири вузарои хориҷаи паймони НОТУ муҳимтарин мавзуъи суҳбат ин буд ки оё эҳтимол дорад нерӯҳои Русия, ки дар ҳоли ҳозир дар марзҳои Укройн таҷаммуъ кардаанд ба манотиқи шарқи Укройн, ки сокинони он аз таборҳои мухталифанд, ҳамла кунанд? Ин аввалин ҷаласаи вазирони хориҷаи НОТУ аз торихи илҳоқи шибҳҷазираи Криме ба Русия буд.
Эҳтимоли зиёд дорад, ки як чунин ҳамлае дафъ хоҳад шуд. Вале барои қорраи Урупо таҳдиди амниятии Русия ҳам аз назари аҳамият ва ҳам таъсири зиёд, ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст ва метавонад барои солҳо идома пайдо кунад.
Далоили мунсаҷиме барои муҳтамил набудани вуруди нерӯҳои Русия ба шарқи Укройн вуҷуд дорад.
Аввалин далел ин аст ки агарчи дар ин ноҳия иддаи зиёде рустабор зиндагӣ мекунанд, укройниҳои зиёде ҳам ҳастанд, ки эҳтимолан дар баробари ишғоли сарзаминашон тавассути Русия истодагӣ хоҳанд кард. Ба ҳамин ҷиҳат бар хилофи тасарруфи сареъ ва бидуни хунрезии Криме ишғоли шарқи Укройн ба эҳтимоли бисёр зиёд нерӯҳои Русияро дар як ҷанги ҷиддӣ даргир хоҳад кард.
Ҳамчунин шарқи Укройн сарзамини бамаротиб васеътаре аст ва барои ишғоли он ба нерӯи қобили таваҷҷуҳе ниёз аст. Ва бархилофи Криме аз назари ҷуғрофиёӣ ҳеҷ марзбандии мушаххасе барои ин минтақа вуҷуд надорад. Аз ин рӯ ин мумкин аст сарбозони Русия дар як моҷароҷӯии умдаи низомӣ бидуни "истротежии хуруҷи" фаврӣ даргир шаванд.
Вале муҳимтарин далел барои ин ки чиро Владимир Путин, раҳбари Русия нерӯҳои худро дар ҳоли ҳозир равонаи Укройн нахоҳад кард, ин аст ки ӯ роҳҳои дигаре барои дастёбӣ ба аҳдофаш дорад.
Оқои Путин медонад, ки Криме дар кунтрули ӯ боқӣ хоҳад монд ва ҳеҷ давлати ғарбӣ ишғоли Криме тавассути нерӯҳои Русияро, ки акнун ба як устони Русия табдил шуда, ба чолиш нахоҳад талабид. Дар иттилоъияе, ки пас аз мулоқоти ахири Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Порис интишор ёфт, ҳатто номи Криме зикр нашуда буд.
"Укройни федерол"
Аввалин маъмурияти Русия ин хоҳад буд, ки аз пайвастани Укройн ба ташкилоти иқтисодӣ ва амниятии Ғарб монанди Иттиҳодияи Урупо ё НОТУ ҷилавгирӣ кунад ва Укройнро монанди як минтақаи ҳоил, ки на ба Ғарб таъаллуқ дорад ва на ба Шарқ, нигоҳ дорад.
Ва таҳаққуқи ин ҳадаф бо тарғиби Ғарб ба қабули он чӣ, ки Маскав мехоҳад онро "федеролиза кардани" Укройн бихонад, имконпазир аст.
Тақозои Русия барои эҷоди як Укройн федерол бисёр ҷомеъ ва фарогир аст. Аз ҷумла гунҷондани ин пешниҳод, ки бахшҳои мухталифи Укройн на танҳо дар мавриди масоили маҳаллӣ, балки дар мавриди масири сиёсати хориҷии Укройн низ ҳаққи изҳори назар хоҳанд дошт. Бо ин пешниҳод Русия ба таври муаддабонае мегӯяд, ки рустаборони дохили Укройн қодир хоҳанд буд монеъи гароиши Укройн ба Ғарб шаванд.
Ва чунончи ин истиротижӣ муассир воқеъ нашавад, Русия метавонад ба ин тадбири сода мутавассил шавад ва рустаборони сокини Укройнро тарғиб кунад, ки ҷудоӣ ва ҳатто истиқлоли худ аз кишвари Укройнро эълом кунанд. Владимир Путин муътақид аст, ки дар ҳоли ҳозир ӯ абзори лозим барои тазъифи Укройнро бидуни шиллики ҳатто як гулӯла дорад.
Маскав ҳамчунин нишон дода, ки мусаммам аст як чунин сиёсатеро дар мавриди сойири бахшҳои Урупо, ки мумкин аст рустаборон дар онҷо зиндагӣ мекунанд ва ба хусус минтақаи Тронсднестриё дар Мулдовӣ, аз ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ ва низ кишварҳои ҳавзаи Болтик ба кор бибарад.
Барои тақвияти иддаъои Маскав мабнӣ бар ин ки аз ҷониби русҳои бумии ин манотиқ суҳбат мекунад, ҳамакнун ба бештари онҳо гузарнома ё авроқи ҳуввияти русӣ дода шудааст.
Ҳадафи ин истиротижӣ рӯшан аст: Аз ҳам пошидани вазъи мавҷуди сарзаминҳо, ки пас аз фурӯпошии Шуравӣ дар сол 1991 буд, вазъияте, ки оқои Путин кароран гуфта аз назари Русия ҳам ғайриодилона аст ва ҳам ғайриқобили тадовум.
Вале найл ба ин ҳадаф мусталзами ишғол ва идғоми муҷаддади ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ нест. Бо тахриби кишварҳои калидӣ аз дохил метавон ба ин ҳадаф расид.
Қудратнамоии душвори НОТУ
Аз онҷо ки ин эътилофи низомӣ барои дафъи таҷовузи хориҷӣ омӯзиш дида, барои муқобала бо як чунин чолиши дохилӣ омодагӣ надорад.
Вале НОТУ бояд бо анҷоми монуврҳои низомии мухталиф, ба хусус дар ҷумҳуриҳои кучак ва осебпазири Болтик, қудрати худро нишон диҳад то ин ҷумҳириҳо ва сойири аъзои НОТУро мутмаин кунад, ки тазмини амният тавассути паймони НОТУ ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст.
Ин мавзуъ бояд барои Русия комилан рӯшан шавад, ки чунончи қасди мудохила дар умури яке аз кишварҳои узви НОТУро дошта бошад, вокуниши НОТУ сареъ буда ва ҳарбаи низомӣ низ ҷузви ин вокуниш хоҳад буд.
Як Укройни ноқис ва фоқиди сар, мумкин аст ҳанӯз битавонад истиқлоли худро ҳифз кунад.
Вале иттифоқоти ҳафтаҳои ахир танҳо як вақфаи ногаҳонӣ, аммо зудгузар дар муносиботи Шарқ ва Ғарб нест. Ин иттифоқот ба маънии поёни як давра аст, поёни ин умед ки Русияро метавон дар як қорраи Урупои муттаҳид ва ором идғом кард.
Мумкин аст муаррихон ин баҳсро шуруъ кунанд, ки чӣ касеро бояд ба хотири ин иттифоқи ногувор маломат кард.
Вале сиёсатмадорони ғарбӣ чорае ҷуз канор омадан бо воқеъияти ҷадиде, ки оқои Путин омили он буда надоранд; ин воқеъият ки оянда шоҳиди руъёе бештар ва на камтари ғарб бо шарқ хоҳад буд.
