Воҳидҳои низомии Укройн ба пешравӣ 'алайҳи теруристҳои мусаллаҳ' идома медиҳанд

  • 16 Апрел, 2014
Image copyrightAP
Image caption Нерӯҳои давлатии Укройн нахустин марҳала аз амалиёти "зиддитерристии" худро дар Кромотурск такмил карданд

Нерӯҳои давлатии Укройн яке аз манотиқи ҳассоси ишғолшуда тавассути шибҳинизомиёни мусаллаҳро бозпас гирифтаанд ва як мақоми давлатӣ аз маҳорати размии ин шибҳинизомиён сухан гуфтааст.

Рӯзи чаҳоршанбеи 16 апрел мақомоти укройнӣ эълом карданд, ки нерӯҳои давлатӣ дар нахустин марҳала аз амалиёти "зиддитеруристӣ" алайҳи шибҳинизомиёни мусаллаҳи тарафдори Русия як фурудгоҳи низомӣ воқеъ дар шаҳри Кромотурск, дар устони Дунетск, дар шарқи ин кишварро аз нерӯҳои душман поксозӣ карда ва кунтрули онро бозпас гирифтаанд.

Амалиёти нерӯҳои давлатии Укройн алайҳи шибҳинизомиёни тарафдори Русия аз рӯзи гузашта оғоз шуда ва манобеъи расмии ин кишвар аз он ба унвони "амалиёти густардаи зиддитеруристӣ" ном бурдаанд. Мақомоти давлатӣ шибҳинизомиёни мусаллаҳи тарафдори Русияро ба иқдомоти теруристӣ муттаҳам карда ва амалиёти кунунӣ таҳти фармондеҳии "Мркази зиддитерурисми созмони хадамоти амниятии Укройн" ба иҷро даромадааст ва нерӯҳои вижаи пулис ва афроди мусуллаҳи ин созмон ба унвони воҳидҳои пешрав дар ин амалиёт ширкат доранд.

Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, гуфтааст, ки амалиёти "поксозӣ" дар чанд марҳала ба иҷро дархоҳад омад ва пойгоҳи ҳавоии воқеъ дар фармондории Исловенск яке аз чандин шаҳр дар шарқи Укройн аст, ки марокизи давлатии онҳо дар ишғоли шибҳинизомиёни тарафдори Русия аст. Оқои Турчинев дар суханоне дар порлумони ин кишвар гуфтааст, ки "нерӯҳои давлати фурудгоҳи шаҳри Кромотурскро озод кардаанд ва итминон дорам, ки базӯдӣ асаре аз теруристҳои мусаллаҳ дар устони Дунетск боқӣ нахоҳад монд."

Image copyrightAFP
Image caption Баъид аст Турчинов бидуни навъе ҳамоҳангӣ бо тафоҳуми зимнии байналмилалӣ ба иқдоми низомӣ даст зада бошад.

Бар асоси гузоришҳои хабарӣ, воҳидҳои зиреҳии артиши Укройн, муташаккил аз тонкҳои сабук ва нафарбарҳои зиреҳӣ, дар нуқтае ҳудуди чиҳил килуметрии шимоли шаҳри Ислувенск, маркази ин фармондорӣ таҷаммуъ кардаанд ва зоҳиран барои пешравӣ ба сӯйи ин шаҳр омода мешаванд.

Тасмими давлати Укройн ба эъзоми воҳидҳои "зиддитеруристӣ" барои муқобила бо бо шибҳинизомиёне, ки амалан бидуни мувоҷиҳа бо ҳеч гуна муқовимате кунтрули бахшҳое аз шарқи Укройнро дар даст гирифтаанд, нахустин вокуниши низомии умдаи давлати марказӣ ба таҳаввулоти ахир дар ин кишвар аст, ҳарчанд аз чанд рӯз пеш мақомоти давлатӣ ҳушдор дода буданд, ки дар сурати идомаи ишғоли марокизи давлатӣ тавассути "теруристҳои мусаллаҳ" ногузир ба амалиёти низомӣ даст хоҳанд зад.

Ба гуфтаи нозирон, баъид аст, ки тасмими давлати Укройн барои рӯёрӯии мусаллаҳона бо шибҳинизомиёни мусаллаҳ бидуни навъе ҳамоҳангии байналмилалиӣ сурат гирифта бошад, бахусус ин ки воҳидҳои артиши Русия бо имконоте бамаротиб бештар аз Укройн дар наздикии марзи ду кишвар мустақар ҳастанд ва тардиде вуҷуд надорад, ки шибҳнизомиёни мусаллаҳ низ бидуни дарёфти кумак ва ҳимояти мустақими Русия ба амалиёти рӯзҳои ахир мубодират намекарданд.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии русия дар тамоси телефунӣ бо Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эъзоми воҳидҳои мусаллаҳи Укройн ба манотиқи таҳти ишғоли шибҳинизомиёнро "иқдоме муғойири Қонуни асосии" Укройн тавсиф ва давлати Укройнро муттаҳам кардааст, ки ба саркӯби "тазоҳуроти мусолиматомези" мардуми ин кишвар мубодират варзидааст. Вай хостори маҳкумияти Укройн аз сӯй Созмони Милал шуд.

дар муқобил, Иёлоти муттаҳида аз ин иқдом ҳимоят карда ва гуфтааст, ки давлати Укройн ҳақ дошта нисбат ба малиёти хусуматомези гурӯҳҳои мусаллаҳ вокуниши лозимро нишон диҳад.

Дар ҳамон ҳол, ба гузориши хабаргузории Интерфокси Укройн, Васил Кротов, раиси маркази амалиёти зиддитеруристии Укройн, гуфтааст, ки дар ҷараёни бозпасгирии фурудгоҳи Кромотурск мушаххас шуд, ки афроди мусаллаҳе, ки ин маҳалро ишғол кардаанд, аз дараҷаи болое аз маҳорати низомӣ бархӯрдоранд.."

Матолиби муртабит