Тавофуқ бар сари буҳрони Укройн дар нишасти Женев

  • 18 Апрел, 2014
Image copyrightAP

Омрико ва Русия мегӯянд, ки дар музокироте, ки дар Женев ва бо ҳадафи кумак ба ҳалли буҳрони Укройн ташкил шуда буд, ба тавофуқоте расидаанд.

Ин нишаст рӯзи панҷшанбеи 17 апрел ва бо ширкати вузарои хориҷаи Омрико, Русия, Иттиҳодияи Урупо ва Укройн баргузор шуд.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, пас аз ин нишаст гуфт, ки ширкаткунандагон бар сари мунҳал кардани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Укройн ба тавофуқ расидаанд.

Ба гуфтаи оқои Лавров ҳар гурӯҳи мусаллаҳе, ки сохтмонеро ба ишғоли худ даровардааст, бояд халъи силоҳ шуда ва он маҳалро тарк кунад.

Вазири хориҷаи Русия дар идома гуфт ҳамаи тазоҳуркунандагон машмули афв хоҳанд шуд. Вай гуфт, ки буҳрон бояд аз сӯйи мардуми Укройн ҳал шавад.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, низ гуфтааст ширкаткунандагон дар нишасти Женев бар ин нукта, ки тарафҳои даргир бояд аз хушунат парҳез кунад, тавофуқ кардаанд.

Пештар Омрико ҳушдор дод, ки дар сурати шикасти музокироти Женев ин кишвар таҳримҳои тозае алайҳи Русия эъмол хоҳад кард.

Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат гирифтааст, ки мақомоти хутути ҳавоии Русия, "Эйрфлут", мегӯянд, ки мақомоти Укройн барои русҳое, ки қасди вуруд ба ин кишварро доранд, маҳдудиятҳои тозаеро эъмол кардааст.

Рӯ дар рӯ бо Путин

Image copyrightAFP
Image caption Путин дар тамоси мустақими солиёна бо мардум дахолати Русия дар Укройнро такзиб кард

Сокинони нимҷазираи Криме суолоти худро аз раиси ҷумҳурии Русия матраҳ карданд.

Рӯзи панҷшанбеи 17 апрел Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар як барномаи пурсишу посухи телевизиюнӣ ба суолоти шаҳрвандони ин кишвар посух дод ва барои аввалин бор сокинони нимҷазираи Криме ҳам ки моҳи гузашта расман ба шаҳрвандони русӣ табдил шуданд, имкони матраҳи суолоти худро аз тариқи иртиботи видиюӣ бо ин барнома ёфтаанд.

Ин барномаи телевизиюнӣ ҳар сол як бор ба таври зинда иҷро мешавад ва муҷриёни барнома пешопеш эълом карда буданд, ки аҳолии нимҷазираи Криме низ иҷоза доранд бо раиси ҷумҳурии Русия гуфтугӯ кунанд.

Оқои Путин дар поосух ба суолоте дар мавриди сиёсати Русия дар қиболи Укройн гуфт, ки гузоришҳои ҳокӣ аз ҳузури нерӯҳои русӣ дар шарқи Укройн беасос аст ва давлати Русия дар таҳаввулоти дохилии Укройн дахолате надорад. Раиси ҷумҳурии Русия давлати Укройнро ба хотири эъзоми нерӯҳои низомӣ барои поксозии марокизи давлатии шарқи ин кишвар аз шибҳинизомиёни мусаллаҳ мавриди интиқод қарор дод ва онро "иқдоме ҷинояткорона алайҳи шаҳрвандолни оддӣ" тавсиф кард.

Вай дар айни ҳол таъкид кард , ки роҳи ҳалли буҳрони кунунии Укройн музокира ва мусолиҳаи давлати он кишвар бо шаҳрвандони рустабори укройнӣ ва ҷалби ҳамкории онон аст ва гуфт, ки нишасти рӯзи панҷшанбе дар Женев гоме муҳим барои поён додан ба вазъияти кунунӣ аст.

Оғози буҳрон

Буҳрони сиёсии Укройн дар моҳи ноябри соли гузашта бо эътироз ба тасмими Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии махлӯъи он кишвар барои лағви барномаи густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Урупо ва пайгирии сиёсати тақвияти равобит бо Русия оғоз шуд ва дар пайи ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба тазоҳуркунандагон дар моҳи феврал раъйи порлумони Укройн дар барканории оқои Ёнуковичро дар пай овард.

Дар моҳи март, дар ҳоле ки шибҳинизомиёни тарафдори Русия дар ҷумҳурии худгардони Криме тасаллут ёфта буданд, порлумони маҳаллии ин сарзамин ба илҳоқи Криме ба Русия раъй дод ва ба ин манзур паймонеро бо давлати Русия имзо кард, ки баъдан дар порлумони Русия ба тасвиб расид.

Image copyrightReuters
Image caption Сокинони Криме шаҳрвандии Русияро дарёфт карда ва метавонанд суолоти худро аз Путин матраҳ кунанд.

Дар ҳоле ки давлати Укройн ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон иқдоми Русия дар инзимоми нимҷазираи Кримеро ғайриқонунӣ медонанд, назарсанҷиҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин иқдом боъиси афзоиши маҳбубияти оқои Путин дар миёни мардуми Русия шудааст.

Владимир Путин, ки аз соли 1999 дар симатҳои нахуствазир, кафили раёсати ҷумҳурӣ, раёсати ҷумҳурӣ, нахуствазир ва раиси ҷумҳурӣ бюарои бори дувум амалан раҳбарии Русияро дар даст дошта, ин назарро матраҳ кардааст, ки мардуми Русия ба таври суннатӣ ба раҳбаре муқтадир ва нерӯманд муътақид ҳастанд, ки бояд аз мавқеъияти Русия ба унвони як абарқудрати ҷаҳонӣ дифоъ кунад.

Матолиби муртабит