Шибҳинизомиён ба ишғоли марокизи давлатии Укройн идома медиҳанд
Image copyrightAFPГурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Русия аз қабули иҷрои тавофуқи Женев барои тахлияи марокизи давлатии Укройн худдорӣ мекунанд.
Бо вуҷуди тавофуқи вазирони хориҷа ва намояндагони Омрико, Русия, Укройн, Иттиҳодияи Урупо бар сари лузуми бозгардондани марокизи давлатии Укройн ба давлати марказӣ хабаргузориҳои байналмилалӣ дар рӯзи ҷумъаи 18 апрел гузориш карданд, ки тақрибан тамомии марокизи давлатӣ дар шарқи Укройн ҳамчунон дар ишғоли шибҳинизомиёни мусаллаҳ аст ва нишонае аз хуруҷи онон аз марокизе, ки ишғол кардаанд, дида намешавад.
Дар ҷаласаи рӯзи гузашта вазирони хориҷаи кишварҳои ғарбӣ ва Русия дарЖенев қарор шуд "тамомии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ" халъи силоҳ шаванд ва марокизи давлатиро, ки ба ишғол даровардаанд, фавран тахлия кунанд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз шаҳри Дунетск, дар шарқи Укройн, шибҳинизомиён ба нишонаи беэътиноӣ ба хости давлати марказӣ барои таҳвили шаҳр ба нерӯҳои давлатӣ бо баландгӯ ба пахши суруди миллии Русия идома медиҳанд. Хабаргузориҳо ба нақл аз аъзои яке аз гурӯҳҳои шибҳинизомӣ дар минтақа гузориш кардаанд, ки то замоне ки "давлат ва порлумони ғайриқонуни Укройн" барканор нашаванд, ишғоли марокизи давлатӣ идома хоҳад дошт.
Нишасти рӯзи панҷшанбе дар Женев дар ҳоле баргузор шуд, ки бархе нозирон аз тирагии бесобиқаи равобити Ғарб ва Русия аз замони поёни ҷанги сард сухан гуфта ва ҷалсаи Женевро бо музокироти мақомоти ғарбӣ ва Шӯравӣ дар даврони ҷанги сард муқоиса карда буданд.
Дар поёни нишасти Женев Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, гуфт, ки бояд тавофуқи ба дастомада ба таври аланӣ ба иҷро дарояд ва ҳолати як баргаи коғази бесамарро ба худ нагирад. Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, низ нисбат ба ин тавофуқ вокунише муҳтотона нишон дода ва арзёбии онро ба ҳусули натиҷае аланӣ мавкул кардааст.
Оқои Убомо бори дигар таъкид варзидааст, ки агар зарфи рӯзҳои оянда тағйире асосӣ дар роҳи хотимаи буҳрони Укройн сурат нагирад, Русия бояд дар интизори "авоқиби ҷадиде" бошад. То кунун кишварҳои ғарбӣ маҳдудиятҳоеро алайҳи бархе мақомоти русӣ ва сарватманди наздик ба ҳукумат ба иҷро гузоштаанд, аммо аз вазъи таҳрим алайҳи иқтисоди Русия худдорӣ варзидаанд.
Бархе мунтақидони сиёсати хориҷии Борок Убомо ӯро муттаҳам кардаанд, ки дар солҳои ахир бо нармиши беш аз андоза дар баробари Русия ва ироаи тасвире заъиф аз Омрико, Русияро ба моҷароҷӯйӣ дар саҳнаи байналмилалӣ тарғиб кардааст.
Бар асоси тавофуқи Женев, тазоҳуркунандагони тарафдори давлати марказии Укройн низ бояд ба таҷаммуъи худ дар майдони марказии Киев, пойтахт, хотима диҳанд. Ин таҷаммуъ дар моҳи ноябри соли гузашта ва дар мухоифпат бо тасмими Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии вақт, бо лағви барномаи густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Урупо ва тавсиъаи равобит бо Русия оғоз шуд ва таҷаммуъкунандагон гуфтанд, ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 25 май ҳамчунон дар ин маҳал боқӣ хоҳанд монд. Тарафдорони Русия ин таҷаммуъро таҳдиде ба амнияти худ ва амале барои ворид кардани фишор бар давлати марказӣ тавсиф кардааснд.
Ба гуфтаи бархе нозирон, изҳороти шибҳинизомиёни тарафдори Русия дар мавриди лузуми канорагирии давлат ва порлумони "ғайриқонунӣ" метавонад боъиси нигаронӣ дар ин маврид шавад, ки ин афрод, ки ба гуфтаи давлати УКройн мустақиман таҳти назари давлати Русия амал мекунанд, тавофуқи Женев дар мавриди халъи силоҳ ва хуруҷи "афроди мусаллаҳи ғайриқонунӣ" аз марокизи давлатиро ба шакли дилхоҳи худ тафсир карда ва аз иҷрои он худдорӣ варзанд.
Дар хабаре дигар дар мавриди буҳрони Укройн мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки афроди мусаллаҳе, ки нимҷазираи Кримеро ишғол ва заминаи инзимоми ин минтақа ба Русияро фароҳам оварданд, аз нафароти вижаи артиши Русия буданд. Давлати Русия ин афродро, ки унифурмҳои низомии фоқиди нишони ягон артише хосеро бар тан доштанд ва аксари онон суратҳои худро пӯшонда буанд, шаҳрвандони оддии Укройн тавсиф карда буд, ки ба хотири нигаронӣ перомуни амнияти худ таҳти давлати "ғайриқонунии" ҷадид, хосторни илҳоқи сарзамини худ ба Русия шуданд.
