Русия мақомоти Укройнро ба 'нақзи' тафоҳуми ахир муттаҳам кард

  • 21 Апрел, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Ҳомиёни Русия мегӯянд раҳбарони кунунии Укройн бояд канорагирӣ кунанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, мақомоти Киевро ба нақзи муфоди тавофуқи Женев дар бораи кумак ба коҳиши таниш дар Укройн муттаҳам кардааст.

Изҳороти ин мақоми аршади Русия пас аз он унвон шуд, ки ҳаводорони Русия дар шарқи Укройн пештар иддаъо карданд, ки дар авоили ҳафтаи ҷорӣ ба самти онҳо тирандозӣ шуда ва ин тирандозӣ ба даргирии байни онҳо ва миллигароёни укройнӣ анҷомидааст.

Ба гуфтаи тарафдорони Русия, дар ин даргириҳо дастикам як нафар кушта ва теъдоде маҷрӯҳ шудаанд.

Пештар мақомоти Кремлин зимни маҳкум кардани ин даргириҳо, гурӯҳҳои рости ифротии Укройнро масъули он донистанд.

Миллигароёни укройнӣ дар муқобил мегӯянд, ки ин гузоришҳо мушаххасаи талошҳои таҳрикомези дастгоҳи амниятии Русия аст.

Ҳамзамон як фаъъоли ҳомии Русия, ки худро шаҳрдори шаҳри "Ислувёнск" хонда, аз мақомоти Кремлин хостаст, ки ба ин шаҳр нерӯи низомӣ эъзом кунанд.

Талош барои коҳиши таниш

Ба гуфтаи нозирон, ин гуна ҳаводис тавофуқи байналмилалӣ барои коҳиш додани танишҳо дар Укройнро ба чолишҳое рӯбарӯ кардааст.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар ҳамин робита пештар бо раҳбарони Русия ва Укройн телефунӣ суҳбат кард.

Тавофуқи байни вузарои хориҷаи Русия, Омрико, Иттиҳодияи Урупо ва Укройн рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта (17 апрел) дар Женев имзо шуд.

Омрико Русияро ба эъмоли таҳримҳои сахттари иқтисодӣ дар сурати иҷро накардани ин тавофуқ таҳдид карда буд.

Яке аз мақомҳои вазорати хориҷаи Омрико гуфт, ки оқои Керрӣ аз давлати Русия хостааст ҳарчи сареътар ва ба таври комил ба ин иттифоқ амал кунад.

Дар муқобил, Русия низ Омрикоро муттаҳам карда, ки дар мавриди тавофуқи Женев бо Маскав ҳамчун "як бачаи мадрасаии муқассир" рафтор мекунад.

Ҷон Керрӣ дар тамоси телефунӣ бо раҳбарони Укройн ба онҳо барои қадамҳое, ки то инҷо дар иҷрои тавофуқ бардошта шуда, табрик гуфт.

Бо вуҷуди тавофуқи Омрико, Русия, Иттиҳодияи Урупо ва Укройн дар бораи буҳрони шарқи ин кишвар дар Женев, рӯзи ҷумъа фаъъолони тарафдори Русия ҳозир нашуданд сохтмонҳоеро, ки дар шарқи Укройн ишғол кардаанд, тарк кунанд. Онҳо мегӯянд раҳбарони кунунии Укройн бояд канорагирӣ кунанд.

Давлати муваққати Укройн зимни даъват ба ваҳдати миллӣ ваъдаи тамаркуззудоӣ аз қудратро дода ва истифода аз забони русиро тазмин кардааст.

Вазири умури хориҷаи давлати муваққати Укройн гуфтааст, ки амалиёти "зиддитеруристӣ" дар шарқи ин кишвар дар муддати таътилоти Иди пок мутаваққиф хоҳад шуд.

Русия, Укройн, Иттиҳодияи Урупо ва Омрико дар Женев тавофуқ карданд, ки гурӯҳҳои шибҳинизомии ғайриқонунӣ дар Укройн мунҳал шаванд ва афроде, ки сохтмонҳои давлатиро ишғол кардаанд, халъи силоҳ шаванд ва ин сохтмонҳоро тарк кунанд.

Матолиби муртабит