Дастури эъзоми артиши Укройн ба шарқ ва истиқрори нерӯҳои омрикоӣ дар ҳамсоягии Русия

  • 23 Апрел, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Турчинов аз нерӯҳои "амниятӣ" хостааст алайҳи "теруристҳо вориди амал шаванд

Раиси ҷумҳурии Укройн дастури амалиёти таҳоҷумӣ алайҳи ҷудоиталабони тарафдори Русияро содир кардааст ва нафароти артиши Омрико озими чанд кишвари ҳамсояи Русия шудаанд.

Дар пайи ёфт шудани ҷанозаи як сиёсатмадори укройнӣ дар наздикии шаҳри Ислувёнск, дар манотиқи таҳти тасаллути шибҳинизомиён дар ҷануби шарқи ин кишвар Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, ба артиш дастур додааст худро барои амалиёти таҳоҷумӣ алайҳи шӯришиёни зиддидавлатӣ омода кунанд.

Дар баёнияи раиси ҷумҳури Укройн омадааст, ки ду ҷасад, "ки ба тарзи ваҳшиёна шиканҷа шудаанд", ёфт шуда , ки яке аз онҳо ҷасади Владимир Рибак, аз аъзои ҳизби оқои Турчинов аст, ки ахиран "теруристҳои мусаллаҳ" ӯро рабуда буданд. Давлати Укройн шибҳинизомиёни тарафдори Русияро, ки манотиқе аз ин кишварро дар ишғоли худ доранд, "терурист" меномад. Раиси ҷумҳури муваққати Укройн дар баёнияи худ гуфтааст, ки ин ҷиноёт ба ташвиқ ва бо ҳимояти ҳомили давлати Русия анҷом мешавад."

Раиси ҷумҳури Укройн гуфтааст "аз дастгоҳҳои амниятӣ мехоҳам фавран иқдомоти зиддитеруристии худро аз сар бигиранд, то аз шаҳрвандони укройнии сокин дар шарқи кишвар дар баробари теруристҳо ҳимояти комил ба амал ояд." Пештар манобеъи пулиси Укройн эълом карда буданд, ки "ҷасади як мард, ки ба шакли ваҳшиёнае ба қатл расида" ёфт шуда ва эҳтимол ддоа буданд, ки ин ҷасад мутаъаллиқ ба Владимир Рибак, узви шӯрои шаҳри Ҳурлевко, маркази устони Дунетск, дар шарқи Укройн бошад. Рӯзи гузашта се тан аз шибҳинизомиёни тарафдори Русия дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳи ношинос кушта шуданд ва баъид ба назар намерасад, ки қатлҳои ахир ба талофии ин ҳамла сурат гирифта бошад.

Ҳафтаи гузашта нерӯҳои давлатӣ барои поксозии Исловёнск аз шибҳинизомиёни тарафдори Русия озими ин шаҳр шуданд, аммо бо муқовимати шибҳинизомиён ва мухолифати гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ мувоҷеҳ шуданд ва дар анҷоми ин маъмурият ноком монданд. Аз он замон то кунун давлати марказии Укройн гуфтааст барои риъояти тавофуқномаи Женев аз иқдоми низоми алайҳи онон худдорӣ варзидааст. Ба гуфтаи коршиносон аз он ҷо, ки артиши Укройн аз назари таҷҳизот ва тавони амалиётӣ аз имконоти чандоне бархӯрдор нест, баъид аст дастури ахири раиси ҷумҳурии Укройн боъиси вуқӯъи даргирии густардаи низомӣ шавад, аммо қатъан ба ҷанги таблиғотии байни Русия ва Укройн доман хоҳад зад.

Мақомоти русӣ давлати Укройнро ба "адами тамоюл ё тавоноӣ" барои маҳор кардани афроде, ки давлати Русия ононро "миллигароёни ифротӣ" меномад, муттаҳам карда ва онро далеле барои худдорӣ аз иҷрои тавофуқномаи Женев эълом доштаанд, дар ҳоле ки давлати Укройн гуфтааст, ки Русия ва шибҳинизомиён таҳти ҳимояти ин кишвар ба дунболи баҳона барои худдорӣ аз иҷрои ин тавофуқнома ҳастанд.

Image copyrightAP
Image caption Амалиёти қаблии артиши Укройн барои боксозии Исловёнск аз шибҳинизомиёни тарафдори Русия ноком монд

Тавофуқномаи Женев дар ҷараёни иҷлоси ҳафтаи гузаштаи вазирони хориҷа ва мақомоти аршади Омрико, Иттиҳодияи Урупо, Укройн ва Русия ба даст омад ва тибқи он қарор шуд "афроди мусаллаҳи ғайриқонунӣ" марокизи давлатӣ ва манотиқе аз Укройнро, ки таҳти ишғол даровардаанд, тахлия кунанд ва дар муқобил аз пайгарди қазоӣ масун бимонанд. Бо ин ҳама соъоте пас аз имзои ин қарордод ба нақл аз шибҳинизомиёни тарафдори Русия гузориш шуд, ки онон давлати марказӣ ва порлумони Укройнро "ғайриқонунӣ" медонанад ва то замоне ки давлат ва порлумон канорагирӣ накунанд, ҳозир ба тахлияи амокини таҳти ишғоли худ нахоҳанд буд.

Порлумони Укройн дар моҳи феврал бо барканории Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури тарафдори Русия, ба иттиҳоми куштори тазоҳуркунандагон ва фасоди молӣ раъй дод ва то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи май Александр Турчиновро ба раёсати ҷумҳурӣ баргузид. Оқои Ёнукович ва давлати Русия ин иқдоми порлумони Укройнро ғайриқонунӣ хонда ва хостори лағви ин тасмим шуданд. Дар пайи ин таҳаввулот шибҳинизомиёни тарфдори Русия нимҷазираи Кримеро ишғол карданд ва давлати Русия дар моҳи март расман ин бахш аз хоки Укройнро таҷзия ва ба Русия мунзам кард