Аксҳо "ҳузури сарбозони Русия дар Укройнро нишон медиҳад"
Image copyrightnaВазорати хориҷаи Омрико тасовиреро аз сарбозоне дар шарқи Укройн мунташир карда, ки мегӯяд нишон медиҳад баъзе аз онҳо нерӯи вижаи Русия ҳастанд.
Би-би-сӣ қодир ба таъйиди сиҳҳати ин аксҳо, ки аслан тавассути диплумотҳои Укройн тавзеъ шуда, нест.
Шаҳрҳои шарқии Укройн дар ҳафтаҳои ахир саҳнаи нооромиҳое будааст, ки дар он шуморе аз сохтмонҳои давлатӣ тавассути шибҳинизомиёни ҳаводори Маскав ишғол шуда. Давлати Киев Русияро ба доман задан ба онҳо муттаҳам мекунад.
Давлати Укройн аксҳоро барои таъйиди иддаъоҳояш мунташир карда.
Ин аксҳо дар шаҳрҳои мухталифи шарқи Укройн гуфта шуд ва зоҳиран дар ҳамаи онҳо нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии Русияро шиносоӣ мекунад.
Давлати Русия ҳанӯз вокунише ба интишори ин тасовир нишон надодааст. Бо ин ҳол Русия қаблан ҳузури сарбозонаш дар Укройнро такзиб кардааст.
Аксҳо, ки дар ихтиёри Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо қарор дода шуд, зоҳиран як мардро ҳам дар Кромотурск ва ҳам дар Ислувёнск (шаҳрҳое дар шарқи Укройн) ва ҳамчунин дар амалиёте дар Гурҷистон дар соли 2008 нишон медиҳад.
Маҷмӯъаи дигаре аз аксҳо зоҳиран як марди мусаллаҳро, ки дар аксҳое дар Кромотурск ва Ислувёнск дида шудар, ба тиме аз нерӯҳои вижаи Русия гиреҳ мезанад.
Намояндаи доимии Укройн дар мақарри созмонҳои байналмилалӣ дар Виен гуфт, ки ин аксҳо "шавоҳиди физояндае аз дахолати Русия дар таҳрик ва ҳамоҳанг кардани иқдомоти ҷудоиталабона, ки авзоъ дар шарқи Укройнро бесубот мекунад, фароҳам меоварад."
Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико, гуфт, ки "иҷмоъи густардае дар ҷомеъаи байналмилалӣ дар мавриди иртиботи Русия ва баъзе аз шибҳинизомиёни мусаллаҳ дар шарқи Укройн вуҷуд дорад."
Ӯ гуфт, ки "аксҳои ироашуда тавассути Укройн дар ҳафтаи гузашта беш аз пеш таъйидкунандаи ин масъала аст" ва афзуд, ки акнун "мақтаъе меҳварӣ" барои Русия аст "то аз нуфузаш барои коҳиши таниш дар шарқи Укройн истифода кунад."
Русия қаблан зимни такзиби ҳар гуна нақше дар бесубот кардани Укройн ба Киев ихтор дода , ки алайҳи тазоҳуркунандагони тарафдори Русия аз зӯр истифода накунад.
