Русия: Давлати Укройн бо мардум меҷангад

  • 25 Апрел, 2014
Image copyrightREUTERS
Image caption Кампи шибҳинизомиёни ҳомии Русия дар наздикии сохтмони тасарруфшудаи нерӯҳои амниятии Укройн дар шаҳри Луҳонск

Вазири хориҷаи Русия бори дигар амалиёти низомии Укройн дар шарқи ин кишварро маҳкум кард.

Сергей Лавров мегӯяд давлати Укройн алайҳи мардуми худ ҷанг ба роҳ андохтааст.

Русия эъломи омодагӣ карда тибқи тавофуқи ҳафтаи гузаштаи Женев барои коҳиши буҳрони Укройн ҳамкорӣ кунад. Аммо нахуствазири Укройн Русияро муттаҳам карда, ки қасд дорад бо ишғоли низомӣ ва сиёсии Укройн ҷанги ҷаҳонии севумро оғоз кунад.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, ки ба Куреи Ҷанубӣ сафар кардааст, мегӯяд таҳримҳои вазъшуда алайҳи мақомҳои Русия абзори муассире нест.

Ба гуфтаи оқои Убомо барои тағйири рафтори Русия дар мавриди буҳрони Укройн бояд фишорҳои бештаре ба кор гирифт.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ҳам чанд соъат пеш Русияро муттаҳам кард, ки бар хилофи тавофуқи Женев ҳеч гоми мусбате барои рафъи танишҳо барнадоштааст.

Оқои Керрӣ дар баёнияе тунд аз Маскав хост, ки ё ба талошҳо барои коҳиши танишҳо дар Укройн кумак кунад ё мунтазири таҳримҳои ҷадиди Омриок бимонад.

Ташдиди ҷанги лафзии Русия ва Омрико

Бо вориди амал шудани нерӯҳои низомии Укройн дар манотиқи шарқии ин кишвар ва бархӯрд бо ҳаводорони Русия дар ин манотиқ Маскав ва Вошингтун ҳар ду ҳамдигарро ба "нотавонӣ дар кунтрули буҳрони Укройн" муттаҳам мекунанд.

Дар бисёре аз шаҳрҳои шарқи Укройн шибҳнизомиёни ҷудоиталаби ҳомии Русия сохтмонҳои муҳимми давлатиро тасарруф кардаанд ва дар баробари давлати марказӣ мавзеъ гирифтаанд.

Рӯзи панҷшанбе давлати Укройн эълом кард сохтмони шаҳрдории шаҳри Мориупул дар ҷануби шарқии Укройнро пас гирифтааст, аммо хабарнигорони Би-би-сӣ, ки дар ҳамон минтақа ҳастанд, мегӯянд касе шоҳиди вуруди нерӯҳои амниятии Укройн ба ин сохтмон набудааст.

Матолиби муртабит