Ҷанги лафзии Омрико ва Русия бар сари Укройн боло гирифт
Image copyrightReutersБо вориди амал шудани нерӯҳои низомии Укройн дар манотиқи шарқии ин кишвар ва бархӯрд бо ҳаводорони Русия дар ин манотиқ, Маскав ва Вошингтун ҳар як тарафи муқобилро ба адами тавоноӣ дар кунтрули буҳрони Укройн муттаҳам карданд.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, шомгоҳи рӯзи панҷшанбеи 24 апрел Русияро ба "доман задан ба бесуботӣ" дар шарқи Укройн муттаҳам кард ва ҳамзамон Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия аз Кохи Сафед хост тамомии нуфузаш бар давлати муваққати Укройнро ба кор гирад ва монеъи бадтар шудани авзоъ дар Укройн шавад.
Оқои Керрӣ дар баёнияе тунд аз .Маскав хост, ки ё ба талошҳо барои коҳиши танишҳо дар Укройн кумак кунад ва ё мунтазири таҳримҳои ҷадиди Омрико бимонад.
Ӯ зимни тақдир аз давлати муваққати Укройн, ки ба гуфтаи оқои Керрӣ ба муфоди тавофуқи Женев бар сари буҳрони Укройн мутаъаҳҳид монда, Русияро ба "тафриқаафканӣ, фиребкорӣ ва бесуботӣ" дар қиболи Укрофйн муттаҳам кард.
Вазири хориҷаи Омрико ҳамунин гуфт: "Ҳатто яке аз мақомҳои русӣ то ин лаҳза дар телевизиюни Укройн ҳозир нашуда ва аз ҷудоиталабон нахоста, ки даст аз ишғоли сохтмонҳои давлатӣ бардоранд ва аслиҳаи худро замин бигузоранд". Ӯ ҳамунин расонаҳои Русияро муттаҳам кард, ки доиман дар ҳоли пахши "холибофиҳои" Владимир Путин дар иртибот бо Укройн ҳастанд.
Оқои Керрӣ Маскавро ба ҳимояти молӣ ва таслиҳотии ҷудоиталабон дар шарқи Укройн муттаҳам кард.
Тайи ҳафтаҳои гузашта вузарои хориҷаи Омрико ва Русия шаш бор бо якдигар мулоқот ва бар сари буҳрони Укройн ройзанӣ кардаанд, аммо лаҳни гуфтаҳои оқои Керрӣ рӯзи панҷшанбе тундтар аз ҳамеша буд.
Ҳамзамон, шибҳинизомиёни ҷудоиталаби ҳомии Русия дар бисёре аз шаҳрҳои шарқи Укройн сохтмонҳои давлатиро тасарруф кардаанд ва дар баробари давлати марказӣ мавзеъ гирифтаанд.
Рӯзи панҷшанбе аз шарқи Укройн хабар расид, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи шибҳинизомиёни тарафдори Русия талафоте бар ҷой гузоштааст.
Вазорати кишвари Укройн эълом кард дар амалиёти воҳидҳои таҳти фармони вазорати дифоъ барои поксозии манотиқи атрофи шаҳри Исловёнск дар шарқи ин кишвар "то панҷ нафар аз теруристҳо" кушта шудаанд ва як низомии укройнӣ низ захмӣ шудаст. Мақомоти давлатии Укройн шибҳинизомиёни тарафдори Русияро, ки бархе марокизи давлатӣ дар шарқи ин кишварро дар ишғол доранд, "терурист" мехонанд.
Соъоте пеш аз он низ сухангӯйи шибҳинизомиёни мусаллаҳ дар Исловёнск гуфта буд ду нафар аз "размандагони" мухолифи давлат дар даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ба назар мерасад ин даргириҳо дар атрофи Исловёнск ва дар ҷараёни барчидани посгоҳҳои ист ва бозрасии поксозии шибҳинизомиёни мусаллаҳ рӯй дода бошад.
Ҳамзамон Русия аз баргузории даври ҷадиде аз монуврҳои низомӣ дар марзҳои худ бо Укройн хабар додааст. Мавзӯъе, ки бо интиқоди Пентогун, вазорати дифоъи Омрико, рӯбарӯ шудааст.
Сухангӯйи Пентогун гуфт монуври ҷадиди Русия дар марзҳои Укройн дақиқан ҳамон чизе аст, ки мо аз Русия хоста будем анҷом надиҳад, то ба коҳиши буҳрон дар Укройн кумак кунад.
Манобеъи давлатии Укройн Русияро ба ҳимояти мустақим аз шибҳинизомиён ва эъзоми нафароти артиши Русия барои ҳимоят аз онон муттаҳам карда, аммо Русия ин иттиҳомотро такзиб кардааст.
Дар ҳамин ҳол, бо интишори хабари тасмими давлати Укройн барои бозпасгирии марокизи таҳти тасарруфи шибҳинизомиён дар манотиқи шарқи ин кишвар Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, гуфт, ки "амалиёти танбеҳии артиши Укройн алайҳи муътаризон дар шарқи ин кишвар ҷинояте ҷиддӣ аст ва авоқибе дар пай хоҳад дошт." Раиси ҷумҳурии Русия дар мавриди ин "авоқиб" тавзеҳе надода, аммо Русия таъминкунандаи бахши қобили таваҷҷуҳе аз гози мавриди ниёзи Укройн аст ва дар айни ҳол хатти лулаи интиқоли гози Русия ба Урупо аз хоки Укройн убур мекунад. Дар ҳамон ҳол, воҳидҳое аз артиши Русия дар наздикии марзи муштарак бо Укройн мустақар шуда ва ба нигаронӣ дар мавриди эҳтимоли ҳамлаи низомии Русия ба Укройн доман задаанд.
Рӯзи гузашта вазири хориҷаи Русия гуфт, ки дар сурате ки амнияти "шаҳрвандони русии" сокини Укройн ба мухотира биафтад, давлати Русия "тибқи қавонини байналмилалӣ" ҳаққи иқдом барои ҳимоят аз онон ва манофеъи худро хоҳад дошт, аммо дар ин маврид тавзеҳи бештаре надод.
Дар муқобил, як мақоми Созмони амниятии Укройн пешниҳод карда ҳайъате аз сӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ё ниҳодҳои байналмилалии дигар бар амалиёти артиши ин кишвар алайҳи ҷудоиталабони мусаллаҳ назорат кунад ва давлати Русия низ дар ин ҳайъат намоянда дошта бошад.
