Русия аз 'афзоиши бесобиқаи фаъъолияти низомии' Ғарб дар марзҳои худ нигарон аст
Image copyrightAFPРусия аз афзоиши ҳузури нерӯҳои низомии Ғарб дар наздикии марзҳои худ ибрози нохурсандӣ кардааст.
Ба гузориши манобеъи хабарии Русия, Сергей Шойгу, вазири дифоъи ин кишвар, эъзоми воҳидҳои низомии Омрико ба кишварҳои ҳамсояи Русияро мавриди интиқод қарор додааст.
Ҳафтаи гузашта гузориш шуд, ки ба далели афзоиши таниш дар Укройн, вазорати дифоъи Омрико ба манзури "итминонбахшӣ" ба кишварҳои ҳамсояи Русия ба эъзоми воҳидҳои низомии ҷадид ба Лаҳистон, Латвонӣ, Литунӣ ва Эстунӣ мубодират кардааст.
Ба гуфтаи сухангӯйи вазорати дифоъи Русия, женерол Шойгу дар тамоси телефунӣ бо Чок Ҳейгл, вазири дифоъи Омрико, аз "афзоиши бесобиқаи фаъъолияти низомии Омрико ва созмони НОТУ" дар марзҳои Русия сухан гуфта ва онро нигаронкунанда хондааст.
Буҳрони сиёсии Укройн, ки бо иқдоми порлумони он кишвар ба барканории раиси ҷумҳурии тарафдори Русия шиддат гирифта буд, ба тасаллути шибҳинизомиёни тарафдори Русия бар нимҷазираи Криме мунҷар шуд ва заминаи ҷудоии ин бахш аз хоки Укройн ва инзимоми он ба Русияро фароҳам овард.
Дар пайи ҷудоии Криме гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Русия бахшҳое аз шарқи Укройнро ҳам дар тасаллути худ гирифта ва хостори канорагирии давлати марказии Укройн ё ҷудоӣ аз ин кишвар ва илҳоқ ба Русия шудаанд. Ҳамзамон артиши Русия низ ба баргузории монуври низомӣ дар наздикии марзи Укройн мубодират кардааст.
Ин вазъият боъиси нигаронии бархе аз муттаҳидон ва ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ шуда, ки сиёсати мутамоил ба Ғарбро дар пеш гирифтаанд.
Вазири дифоъи Русия дар гуфтугӯ бо Чок Ҳейгл ҳамчунин гуфта, ки дар ҷараёни буҳрони Укройн, давлати Омрико аз ташдиди "ҷанги таблиғотӣ" алайҳи Русия худдорӣ варзад.
Сухангӯйи вазорати дифоъи Русия афзуда, ки женерол Шойгу дар посух ба нигаронии омрикоиён аз ниёти ин кишвар итминон додааст, ки Русия дар садади ишғоли хоки Укройн нест.
Вазири дифоъи Омрико бо буҳронӣ хондани вазъияти Укройн гуфтааст, ки "идомаи сиёсатҳои таҳоҷумӣ алайҳи Укройн" боъиси инзивои бештар ва афзоиши фишори диплумотик ва иқтисодӣ бар Русия хоҳад шуд.
Оқои Ҳейгл ҳамчунин аз Русия хостааст, то барои озодии бозрасони эъзомии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Укройн иқдом кунад. Ин бозрасон тавассути шибҳинизомиёни тарафдори Русия рабуда шудаанд.
Дар хабаре дигар дар ҳамин замина Вилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, эълом кардааст, ки ҳафтаи оянда аз Укройн, Гурҷистон ва Мулдовӣ дидан хоҳад кард. Вай афзудааст, ки ҳадаф аз ин сафар нишон додани ҳимояти Бритониё аз Укройн ва соири кишварҳои тарафдори ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Урупост.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо ба манзури водор кардани Русия ба тағйири сиёсати худ нисбат ба Укройн Русияро ҳадафи таҳримҳои ҷадид қарор додаанд.
Иёлоти Муттаҳида ҳафт мақом ва ҳафтдаҳ ширкати русиро, ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳурии Русия таъаллуқ доранд, таҳрим карда ва Иттиҳодияи Урупо низ понздаҳ шаҳрванди дигари Русияро ба феҳристи афроди таҳти таҳрими ин иттиҳодия афзуд.
