"Ишғоли" родиютелевизиюни давлатӣ дар Дунетск аз суи ҷудоиталабон
Image copyrightAPАз шарқи Укройн гузориш шудааст, ки нерӯҳои ҷудоиталаби ҳаводори Русия сохтмони родию ва телевизиюни давлатӣ дар шаҳри "Дунетск"ро ба ишғоли худ даровардаанд.
Ба гуфтаи расонаҳои Русия дар ин ҳодиса гулӯла шиллик нашудааст.
Ҳамзамон ҳайате аз суи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) барои кумак ба озодии нозирони урупоӣ ба Ислувёнск, дар шарқи Укройн рафтааст.
Бар асоси гузоришҳо аз минтақа дар як конфаронси хабарӣ, ки аз суи ҷудоиталабоне, ки ин афродро дар ихтиёр доранд баргузор шуд, сарҳанг Олекс Иштойндер, як нафар аз ин нозирони рабудашуда, ки олмонӣ аст, гуфта ки ҳоли онҳо хуб аст.
Дар ҳамин робита Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико аз Русия хоста буд, ки ҳар чӣ аз дасташ сохтааст барои кӯмак ба озодии нозирони урупоии рабудашуда дар шарқи Укройн анҷом диҳад.
Русия гуфтааст дар ин бора ҳарчӣ дар тавон дошта бошад анҷом хоҳад дод.
Оқои Керрӣ дар тамоси телефунӣ бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ, ҳамчунин дар бораи "нақлу интиқолоти таҳриккунандаи нерӯҳои Русия" дар наздикии марзи Укройн ибрози нигаронӣ кард.
Нерӯҳои шибҳинизомии ҳаводори Русия ҳамчунон сохтмонҳои давлатӣ дар чандин шаҳри шарқи Укройнро дар ихтиёр доранд ва хости давлати муваққат дар Киевро барои тахлияи онҳо напазируфтаанд.
Қарор аст диплумотҳои урупоӣ фардо, душанбе (28 апрел) дар бораи вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Русия музокира кунанд.
Пеш ҳам кишварҳои узви гурӯҳи Ҷӣ ҳафт, шомили ҳафт қудрати бартари иқтисодии ҷаҳон мувофиқат карданд, ки ба далели тадовуми буҳрони Укройн таҳримҳоро алайҳи Русия ташдид кунанд.
Ғарб Русияро муттаҳам мекунад, ки шӯришҳои ҷудоихоҳона дар шарқи Укройнро ҳимоят мекунад. Қабл аз ин Русия шибҳҷазираи Кримеро аз Укройн ба хоки худ мулҳақ карда буд.
Русия ин иттиҳоми давлатҳои ғарбиро рад мекунад.
Маскав қаблан эълом карда буд, ки аз тамоми тавонаш барои озодии нозирони урупоӣ, ки ҷудоиталабони шарқи Укройн рабудаанд, истифода мекунад.
Ҷудоиталабони ҳаводори Русия рӯзи ҷумъа як утубуси ҳомили шуморе аз нозирони низомии байналмилалиро дар шарқи Укройн тавқиф карданд.
Шибҳнизомиёни тарафдори Русия ин нозиронро ба ҷосусӣ муттаҳам кардаанд.
Илова бар ин гурӯҳ аз нозирони урупоӣ, теъдоде аз персуноли низомии Укройн низ дар ихтиёри нерӯҳои ҷудоиталаб ҳастанд ва дар шаҳри Ислувёнск нигаҳдорӣ мешаванд.
Шаҳрдори худхондаи ин шаҳр гуфта дастикам яке аз нозирон нақшае дошта, ки дар он истҳои бозрасии ҷудоиталабон намоиш дода мешудааст. Ба гуфтаи ӯ ин амр нишон медиҳад, ки фаъолияти онҳо ҷанбаи ҷосусӣ доштааст.
Ӯ ҳафтаи пеш ва пас аз кушта шудани се нафар аз нерӯҳояш аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хоста буд, ки барои ҳифозати шаҳр аз дасти "фошистҳо" , нерӯҳои русро ба ин минтақа бифиристад.
Бо боло гирифтани буҳрони Укройн шомгоҳи ҷумъа вазорати дифоъи Омрико эълом кард, ки ҷетҳои русӣ борҳо вориди ҳарими ҳавоии Укройн шудаанд.
Дар тамоси телефунии вузарои хориҷаи Омрико ва Русия Сергей Лавров ба оқои Керрӣ гуфт, ки давлати муваққати Киев бояд амалиёти низомиро дар шарқи Укройн мутаваққиф кунад то аз шиддати буҳрон коста шавад.
Омрико ва Урупо дар ҳоле барои вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Русия хез бардоштаанд, ки пештар ҳам дороиҳои шуморе аз афрод ва ширкатҳои русиро ба иттиҳоми даст доштан дар ҷудо кардани Криме масдуд кардаанд ва ё онҳоро дар феҳристи парвози мамнуъ қарор додаанд .
