Яке аз нозирони низомии Урупо дар шарқи Укройн озод шуд
Image copyrightReutersҶудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Укройн яке аз ҳашт нозири низомии Урупоро, ки ба гаравгон гирифта буданд, дар шаҳри Ислувёнск озод карданд.
Бино ба гузоришҳои мунташиршуда, фарди озодшуда афсаре аз кишвари Суэд буда, ки ба хотири масоили марбут ба саломатиаш озод шудааст.
Ин нозиронро пештар ҷудоиталабон ба расонаҳо нишон дода буданд. Олмон ин ҳаракатро "нафратангез" тавсиф кардааст.
Чаҳор нафар аз онҳо, ки ҳанӯз дар банданд, аз кишвари Олмон ҳастанд.
Ройзанӣ барои озод кардани ҳафт нафари боқимонда дар дасти ҷудоиталабон ҳамчунон идома дорад.
Ҳеч иттилоъе аз теъдоди афсарони укройнӣ, ки ҳамроҳи ин гурӯҳ ба дасти ҷудоиталабон афтодаанд, дар даст нест.
Шибҳинизомиён дар шарқи Укройн ҳамчунон сохтмонҳои давлатиро ба ишғоли худ дармеоваранд.
Ҳамзамон Урупо ва Омрико бо оғози ҳафта мехоҳанд таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия вазъ кунанд. Онҳо Русияро омили бесуботӣ дар Укройн медонанд.
Нозирон аз яке аз созмонҳои урупоӣ ҳастанд. Онҳо табаъаи кишварҳои Олмон, Суэд, Донморк, Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чек ҳастанд.
Шибҳинизомиён, ки моск ба сурат доштанд, дар шаҳрдории Ислувёнск гаравгонҳоро ба расонаҳо нишон доданд.
Сарҳанг Аксел Ишнойдер, яке аз гаравгонҳои олмонӣ, аз ҷониби гурӯҳ суҳбат кард. Ӯ таъкид кард, ки онҳо бар хилофи иддаъои ҷудоиталабон аз аъзои НОТУ нестанд, ҷангҷӯ нестанд, балки "диплумотҳое дар либоси низомӣ" ҳастанд.
Ӯ гуфт, ки онҳо меҳмони шаҳрдори худхондаи Ислувёнск ҳастанд.
Сухангӯйи Вячеслав Пономарев, ки ҳоло унвони шаҳрдории шаҳри Ислувёнскро ба дунбол мекашад, гуфт, ки фарди озодшуда диобети хафиф дошта ва барои ҳамин озод шудааст.
Пештар оқои Пономарев гуфта буд, ки эҳтимоли муъовизаи ин нозирон бо шибҳнизомиёне, ки дар банд ҳастанд, вуҷуд дорад.
Русия ҳам гуфта, ки аз ҳар роҳи мумкин барои озодии ин афрод истифода мекунад
