Омрико таҳримҳои тозае алайҳи Русия эъмол кард

  • 29 Апрел, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Игор Сечин (рост) раиси ширкати бузурги нафтии "Руснефт" шомили таҳримҳои тоза аст

Омрико таҳримҳои тозаеро алайҳи Русия эълом кардааст.

Ин таҳримҳо шомили 7 фарди ҳақиқӣ ва 17 ширкат аст, ки ба гуфтаи мақомоти омрикоӣ бо "ҳалқаи наздикони" Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, муртабит ҳастанд.

Мақомоти Кохи Сафед мегӯянд, ки таҳримҳои тоза посухе аст ба идомаи дахолатҳои ғайриқонунии Русия дар Укройн.

Игор Сечин, раиси ширкати бузурги нафтии "Руснефт"ва Сергей Чемезов, аз мақомоти аршади ширкати текнулужии "Рустек", аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки машмули ин таҳримҳо шудаанд.

Идомаи нооромӣ дар шарқи Укройн

Ин таҳримҳо дар ҳоле эълом шудааст, ки пештар гузориш шуда буд, ки шаҳрдори шаҳри Харков, дар шарқи Укройн, бо тирандозии мардони мусаллаҳи ношинос башиддат захмӣ шудааст.

Дафтари Генаддий Кернес, шаҳрдори Харков, эълом кардааст, ки аз пушт ба ӯ тирандозӣ шудааст. Оқои Кернес ба бемористон мунтақил шуда ва вазъияташ вахим аст.

Ӯ яке аз ҳаводорони Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Укройн, буд. Аммо баъдтар ҳаводори пайвастан ба Русия набуд ва аз Укройни воҳид дифоъ мекард.

Image copyrightAP

Оқои Кернесро тоҷире муваффақ ва соҳибнуфуз тавсиф мекунанд.

Имрӯз ҳамчунин ҷудоиталабони мусаллаҳ чанд сохтмони муҳимми давлатиро дар шаҳри Кустонтинувко, дар шарқи Укройн, тасарруф кардаанд.

Давлати муваққати Укройн ва қудратҳои ғарбӣ Русияро муттаҳам мекунанд, ки дар нооромиҳои шарқи Укройн даст дорад.

Дар муқобил Русия ба иқдомоти таҳрикомези миллигароёни укройнӣ ҳушдор медиҳад.

Имрӯз дар шаҳри Кунсттонтиновко, ки байни Дунетск ва Ислувёнск қарор дорад, мардони мусаллаҳи унифурмпӯш чанд сохтмони давлатиро гирифтанд ва парчами ҷумҳурии худмухтори Дунетскро бар фарози онҳо барафроштааст.

Ҷудоиталабон ҳанӯз нозирони урупоиро, ки чанд рӯз пеш гирифта буданд, озод накардаанд.

Матолиби муртабит