СБП: Иқтисоди Русия вориди марҳалаи рукудӣ шудааст

  • 30 Апрел, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Таҳримҳои байналмилалии вазъшуда алайҳи Русия бар сари буҳрони Укройн ба иқтисоди Русия осеб мерасонад

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) пешбинии рушди иқтисодии Русия барои соли ҷории мелодиро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш додааст.

Онтуниу Испилимбергу, аз мақомоти аршади Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) дар Маскав гуфтааст, ки пешбинии нархи рушди иқтисодии Русия дар соли ҷорӣ ба ду даҳуми дарсад коҳиш ёфтааст.

Пештар ин ниҳоди молии байналмилалӣ пешбинӣ карда буд, ки рушди иқтисодии Русия дар соли ҷорӣ 1,3 дарсад бошад. Далели коҳиши пешбинии рушди иқтисодии Русия дар соли ҷорӣ ин аст ки бар асоси омори мунташиршуда иқтисоди ин кишвар тайи семоҳаи аввали сол бо рушди манфӣ мувоҷеҳ будааст.

Аз онҷо ки рушди иқтисодии Русия дар семоҳаи қабл аз он ҳам манфӣ буда оқои Испилимбергу гуфтааст, ки иқтисоди ин кишвар "аз лиҳози таърифи фаннӣ" дар рукуд ба сар мебарад.

Маъмулан рушди манфии иқтисодӣ дар ду давраи семоҳаи мутаволӣ "рукуди иқтисодӣ" таъриф мешавад.

Ин мақоми Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) ба хабарнигорон гуфт, ки таҳримҳои байналмилалии вазъшуда алайҳи Русия бар сари буҳрони Укройн ба иқтисоди Русия осеби бештаре хоҳад расонд.

Оқои Испилимбергу афзудааст, ки шароити кунунӣ боъиси костан аз тамоюли сармоягузорони хориҷӣ ба сармоягузорӣ дар Русия мешавад ва рушди иқтисодии ин кишварро ба мухотира меандозад.

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) ҳамчунин гуфтааст, ки дар тули соли ҷорӣ сад милёрд дулор сармоя аз Русия хориҷ хоҳад шуд. Мақомоти Русия низ нисбат ба хуруҷи сареъи сармоя аз ин кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) иқтисоди Русия дар соли оянда танҳо як дарсад рушд хоҳад дошт.

Дар хабаре дигар дар ҳамин замина муассисаи эътиборсанҷии "Истондорд ва Пуар" ахиран рутбаи Русияро таназзул дод ва дараҷаи эътибори ин кишварро танҳо андаке болотар аз "беарзиш" сабт кард.

Ҳафтаи пеш Бонки марказии Русия ба манзури ҷилавгирӣ аз суқути арзиши рубл нархи баҳраи пояро аз 7 дарсад ба 7,5 дарсад афзоиш дод. Арзиши баробарии рубл дар баробари дулори Омрико тайи чаҳормоҳаи гузашта ҳашт дарсад коҳиш ёфтааст. Афзоиши нархи баҳра яке аз сиёсатҳое аст, ки ба манзури ҷалби назари супурдагузорони хориҷӣ ва дар натиҷа афзоиши тақозо барои пули миллӣ ва афзоиши нархи баробарии он иттихоз мешавад.

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) гуфтааст, ки афзоиши нархи баҳра боъиси коҳиши нархи таваррум мешавад, аммо наметавонад ҷилави афзоиши қимати маводи масрафиро бигирад. Дар соли 2014 арзиши маводи масрафӣ дар Русия беш аз 6 дарсад афзоиш доштааст.

Матолиби муртабит