Таҳримҳои тозаи Иттиҳодияи Урупо алайҳи мақомҳои олирутбаи Русия
Image copyrightnonИттиҳодияи Урупо дар тозатарин иқдоми худ алайҳи Русия дувоздаҳ нафар аз шахсиятҳои муҳимми Русияро дар иртибот бо илҳоқи Криме ба Русия машмули таҳрим кардааст.
Ин иттиҳодия қаблан 21 нафар аз мақомҳои Русияро, ки гуфта мешавад, аз ёрони деринаи Владимир Путин, раиси ҷумҳур, мебошанд, таҳрим карда буд. Акнун шумори ин афрод ба 33 нафар расидааст.
Дар миёни афроди таҳримшуда асомии Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазир, Владислав Сурков, ёвари раисҷумҳур, Сергей Глазйев, мушовири раисҷумҳур, мавҷуд аст.
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федеросиюн, Сергей Наришкин, раиси Думои давлатӣ, Елена Мизулина, узви порлумон, ва Дмитрий Киселёв, сардабири хабаргузории "Русияи Имрӯз", низ аз ҷумлаанд.
Тибқи ин тасмим, дороиҳои афроди таҳримшуда дар Урупо, аз ҷумла ҳисобҳои бонкии онҳо, масдуд ва вуруди онҳо ба қаламрави кишварҳои урупоӣ мамнӯъ хоҳад шуд.
Ҳермон ван Румпӯй, раиси Шӯрои Урупоӣ, гуфт, ки агар Русия барои бесабот кардани Укройн иқдомоти бештаре анҷом диҳад, бо "паёмадҳои шадиде" рӯбарӯ хоҳад шуд.
Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо ҳамчунин гуфтаанд, ки барои коҳиши вобастагӣ ба манобеъи энержии Русия иқдомотеро дар назар хоҳанд гирифт.
Ба гуфтаи оқои Ван Румпуй, раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо барои ёфтани роҳҳои дигари таъмини энержии Урупо дар сурати қатъи гози содиротии Русия як иҷлоси дурӯза дар моҳи июн ташкил хоҳанд дод. Русия дар ҳоли ҳозир таъминкунандаи як севум аз ниёзҳои энержии Урупост.
Дар посух ба эъломи ин таҳримҳо, намояндаи Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки кишвараш ин таҳримҳоро ғайриқонунӣ ва бесамар медонад, ки дар равобити Русия бо Иттиҳодияи Урупо асароти манфӣ мегузорад.
Оқои Румпуй ҳамчунин хабар дода, ки музокироти Русия ва Иттиҳодияи Урупо, ки қарор буд 3 июн доир шавад, лағв шуда ва кишварҳои урупоӣ аз ҳамоишҳои дуҷониба бо Русия худдорӣ кардаанд.
Пештар Омрико низ дар феҳристе ҷудогона 27 нафар аз мақомҳои вафодор ба Владимир Путин, ва бонки мавсум ба "Русия"-ро, ки бо ҳудуди 10 милёрд дулор сармоя ҳафдаҳумин бонки бузург дар Русия маҳсуб мешавад, таҳрим карда буд.
Дар миёни мақомҳои таҳримшудаи Русия дар феҳристи Омрико шахсиятҳои муҳимме чун Сергей Иванов, вазири дифоъи собиқ ва аз дӯстони деринаи оқои Путин, Виктур Иванов, раиси Идораи назорат бар маводди мухаддир, Владимир Кожин, раҳбари дафтари риёсати ҷумҳурӣ, Юрий Ковалчук, саҳомдори аслии бонки "Русия", ва Геннадий Тимченко, аз дӯстони сармоядори оқои Путин, ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо ҳокист, ки пулиси Укройн раиси ширкати давлатии "Нафту гоз"-ро ба занни як ихтилоси чаҳормилёрддулорӣ боздошт кардааст. Ин ихтилос дар даврони ҳукумати Виктур Ёнукувич сурат гирифтааст.
Созмонҳои иттилоъотии Укройн дар ҳоли ҳозир саргарми таҳқиқ перомуни фасод дар визорати кишоварзӣ ҳастанд ва гуфта мешавад, ки аз ин визоратхона даҳҳо ҳазор дулор пули нақд ба даст омадааст.
