Путин хостори хуруҷи нерӯҳои артиши Укройн аз шарқи ин кишвар шуд

  • 1 Май, 2014
Шибҳнизомии мусаллаҳи ҳаводори РусияImage copyrightReuters
Image caption Шибҳнизомиёни мусаллаҳи ҳаводори Русия чандин сохтмони давлатӣ дар шарқи Укройнро таҳти ишғоли худ қарор додаанд

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия хостори хуруҷи нерӯҳои артиши Укройн аз ҷануби шарқии ин кишвар ва оғози гуфтугӯи миллӣ ба манзури ҳалли буҳрони Укройн шудааст.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Русия гуфт, ки ин изҳорот дар гуфтугӯи телефунии оқои Путин бо Ангело Меркел, садри аъзами Олмон матраҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол аз Дунетск дар шарқи Укройн хабар мерасад, ки шибҳнизомиёни ҳаводори Русия дафтари додситониро ба ишғоли худ даровардаанд. Гузориш шуда, ки дар талоши ин нерӯҳо барои тасхири сохтмони додситонии минтақа чандин нафар захмӣ шудаанд.

Шибҳнизомиёни ҳаводори Русия ба суи пулис, ки аз ин сохтмон муроқибат мекард, санг партоб карданд ва бо онҳо даргир шуданд.

Тамоси Меркел бо Путин

Ҳаичунин гуфта шудааст, ки хонуми Меркел бо оқои Путин тамос гирифта ва хостори озодии гурӯҳе аз нозирони байналмилалии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) шуда, ки тавассути ҷудоиталабони ҳаводори Русия асир шудаанд.

Нозирони байналмилалии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз авосити март ба манзури кумак ба буҳрони Укройн вориди ин кишвар шуданд.

Аммо гурӯҳи 12-нафара аз ин нозирон шомили панҷ укройнӣ, ҷумъаи пеш 25 апрел тавассути шибҳнизомиёни ҳаводори Русия дар шаҳри Ислувёнск гаравгон гирифта шуданд.

Дар ҳамин ҳол як вобастаи низомии Русия ба занни ҷосусӣ дар Укройн боздошт шуда ва дастур дорад то кишварро тарк кунад.

Тибқи гуфтаи вазири умури хориҷаи Укройн ин вобастаи низомӣ, ки номаш фош нашудааст, дар фаъолиятҳое даст дошта, ки " бо мақоми диплумотики вай мутобиқат надоштааст."

Давлати Укройн ва Ғарб Русияро муттаҳам ба эҷоди нооромӣ аз тариқи таҳрики ҷудоиталабон дар шарқи Укройн мекунанд, иттиҳоме, ки Русия онро рад кардааст.

Матолиби муртабит