Путин: Ҷудоиталабони Укройн ҳамапурсии истиқлолро ба таъвиқ биандозанд
Image copyrightAPВладимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар шарқи Укройн хоста то баргузории ҳамапурсӣ барои касби худмухтории бештар ё истиқлол аз Укройнро ба таъвиқ биандозанд.
Оқои Путин ин суханонро пас аз дидор бо Дидие Бурколтер, раиси ҷумҳурии Суис ва раиси феълии Созмони Амният ва Ҳамории Урупо (САҲУ) дар Маскав баён кард.
Раиси ҷумҳурии Русия афзуд, ки кишвараш ҳамчунин нирӯҳои худро аз марзи Укройн фаро хоҳад хонд.
Раиси ҷумҳурии Русия гуфт: "Мо аз намояндагони ҷануби шарқӣ (Укройн) мехоҳем то ҳамапурсии барномарезишуда барои 11 майро ба манзури эҷоди шароити лозим барои гуфтугӯ ба таъвиқ биандозанд."
Владимир Путин ҳамчунон аз артиши Укройн хост то куллия амалиёти худ алайҳи нерӯҳои ҳаводори Русия дар шарқи Укройнро мутаваққиф кунад.
Раиси ҷумҳурии Русия интихоботи 25 майи раёсати ҷумҳурии Укройнро "қадаме дар масири дуруст" хонд, аммо гуфт чунин интихоботе дар сурате ки ҳуқуқи "тамоми шаҳрвандон" риъоят нашавад, бемаъно хоҳад буд.
Ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар шарқи Укройн сохтмонҳои давлатӣ ва посгоҳҳои пулисро ишғол карда ва бо нерӯҳои давлатӣ даргир шудаанд.
Дар даргирии тарафайн то кунун даҳҳо нафар кушта шудаанд.
Укройн Русияро ба ҷонибдорӣ аз ҷудоиталабон муттаҳам мекунад, аммо Русия ин иттиҳомро рад мекунад.
Хабаргузории Руйтерз мегӯяд дар вокуниш ба ин дархости оқои Путин ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар Дунетск дар шарқи Укройн гуфтаанд, ки ин дархостро дар нишасти рӯзи панҷшанбе, 8 майи худ баррасӣ хоҳанд кард.
