Озодии садҳо боздоштӣ пас аз ҳуҷум ба мақари пулиси шаҳри Удесо дар Укройн

  • 4 Май, 2014
Озодии боздоштиён дар УдесоImage copyrightAFP

Ҳаводорони Русия дар шаҳри Удесо, дар ҷануби Укройн ба мақари фармондеҳии пулиси ин шаҳр ҳамла карда ва пулисро водор карданд садҳо нафар аз боздоштиёни рӯзҳои ахирро озод кунад.

Рӯзи ҷумъа беш аз 40 нафар, ки ағлаб аз ҷудоиталабон ва ҳаводорони Русия буданд, дар даргириҳои шаҳри Удесо кушта шуданд. Бештари онон касоне буданд, ки дар сохтмони як иттиҳодияи коргарӣ, ки ба оташ кашида шуд, сангар гирифта буданд.

Ин хунинтарин рӯзи буҳрони Укройн пас аз даргириҳои маргбори моҳи феврал дар Киев, пойтахт будааст.

Хашми ҳаводорони Русия дар пайи ин воқеа барангехта шудааст ва давлати муваққат дар Киев барои ёдбуди қурбониён ду рӯз азои миллӣ эълом кард.

Орсен Ётсенюк, нахуствазири муваққати Укройн пулиси ин кишварро дар адами ҷилавгирӣ аз бурузи хушунат муқассир донистааст.

Дар рӯзи ҷумъа артиши Укройн амалиёти густардаеро алайҳи ҷудоиталабони шарқи ин кишвар оғоз кард. Ҷудоиталабони ҳаводори Русия бархе сохтмонҳои давлатӣ ва амниятиро дар чандин шаҳр тасарруф кардаанд ва нооромӣ дар ин минтақа идома дорад.

Пулиси Удесо имрӯз пас аз ҳуҷум ба мақари фармондеҳиаш шуморе аз боздоштиёнро зоҳиран барои ором кардани ҷамъият, озод кард. Ҷамъият фарёд мезад: "Русия! Русия!"

Муътаризон парчами Укройнро дар ин маҳал пойин кашиданд.

Нахуствазири давлати муваққати Укройн дастуре барои таҳқиқи ҷомеъ дар бораи куштори ҷумъаи Удесо содир карда ва гуфтааст, ки ҳамаи фармондеҳони аршади пулиси шаҳр ихроҷ шудаанд.

Матолиби муртабит