Буҳрони Укройн: Пешравии артиш ва идомаи нооромӣ дар манотиқи шарқӣ
Image copyrightReutersБо идомаи амалиёти "зиддитерруристӣ" аз суи артиши Укройн ва сангар гирифтани шӯришиёни тарафдори Русия дар муқобили артиш нооромӣ дар шарқи Укройн идома дорад.
Артиши Укройн дирӯз (шабе) дар чандин шаҳр пешравӣ кард ва кунтрули чандин сохтмони давлатиро аз шӯришиён пас гирифт.
Аммо дар шаҳри Луҳонск пешравии шӯришиён сабаби ақабнишинии маъмурони давлатӣ шуд ва пойгоҳи дастгоҳи амниятӣ дар Луҳонск низ ба тасарруфи шӯришиён даромад.
Кушта шудани ҳади ақал 42 нафар аз тарафдорони Русия, ки дар мақари иттиҳодияҳои коргарии шаҳри Удесо дар ҷануби Укройн ба таҷаммуъи эътирозӣ пардохта буданд, ҳам сабаби афзоиши танишҳо шудааст.
Пас аз даргир шудани гурӯҳҳои ростгаро ва тарафдори давлати ҷадиди Укройн (давлати муваққат) бо муътаризон сохтмони мақари иттиҳодияҳои коргарии Удесо ба оташ кашида шуд ва бисёре аз муътаризон дар он оташсӯзӣ ҷони худро аз даст доданд.
Мардуми шарқи Укройн умдатан рустабор ҳастанд ва намехоҳанд, ки Укройн таҳти фишори гурӯҳҳои ифротии ростгаро ба суи Ғарб гароиш пайдо кунад.
Давлати Русия давлати Укройнро ба ташвиқ кардани гурӯҳҳои ифротии миллиигаро ба хушунат муттаҳам кардааст ва гуфта барномаи давлат барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар се ҳафтаи оянда (25 май) ғайримаъқул аст.
Гузориш шуда, ки даргириҳо дар атрофи сохтмони сӯхтаи иттиҳодияҳои коргарии Удесо миёни муътаризони тарафдори Русия ва тарафдорони давлати Укройн идома доштааст.
Гурӯҳҳое аз мардуми тарафдори Русия дар иёлати шарқии Донетск дар эътирозоти хиёбонӣ гуфтаанд, ки куштори Удесоро нахоҳанд бахшид.
Русия давлати Укройнро ба "бародаркушӣ" муттаҳам карда ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Укройн аз Ҷон Керрӣ, ҳамтои омрикоии худ хостааст, ки аз давлати Укройн бихоҳад, ки амалиёти низомӣ алайҳи шаҳрвандонро поён диҳад.
Омрико дар муқобил аз Русия хостааст, ки аз идомаи ҳимоят аз шӯришиёни Укройн худдорӣ кунад.
Чандин нафар дирӯз дар даргириҳои воҳидҳои артиши Укройн бо шӯришиёни тарафдори Русия дар шаҳрҳои Кромотурск, Кунстонтинувку, Мориупул ва Ислувёнск кушта шуданд.
