Укройн: Беш аз сӣ тан аз нерӯҳои ҳаводори Русия дар шарқ кушта шуданд

  • 6 Май, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Мақомҳои Укройн мегӯянд дар миёни шӯришиён нерӯҳои ғайриукройнӣ, аз ҷумла русу чечен, дида мешаванд

Арсен Аваков, вазири кишвари давлати муваққати Укройн, гуфтааст, ки беш аз сӣ нерӯи ҳаводори Русия дар ҷараёни ҳамлаи шаби гузашта ба мақарри шӯришиён дар шарқи Укройн кушта шудаанд.

Нерӯҳои укройнӣ шаби гузашта дар амалиёти худ алайҳи нерӯҳои ҳаводори Русия ба мақарри онҳо дар шаҳри Ислувёнск ҳамла карданд.

Вазири кишвари давлати муваққати Укройн гуфт чаҳор нафар аз нерӯҳои давлатӣ низ дар ҷараёни даргириҳое, ки аз рӯзи шанбе шурӯъ шуд, кушта шуданд.

Оқои Аваков гуфта, ки дар миёни шӯришиён афроди мусаллаҳи ғайриукройнӣ, аз ҷумла русӣ ва чеченӣ дида мешуданд.

Гузоришҳо аз шаҳри Ислувёнск ҳокӣ аз он аст, ки аҳолии шаҳр дар ҳоли анбор кардани маводди ғизоӣ ҳастанд. Онҳо ҳамчунин мавонеъеро барои ҷилавгирӣ аз ҳаракати нерӯҳои давлатӣ дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳр эҷод кардаанд.

Нерӯҳои давлатии Укройн дар садад ҳастанд то манотиқи таҳти тасаллути шӯришиён дар шарқи Укройнро таҳти кунтрули худ дароваранд.

Дар бисёре аз шаҳрҳои ин минтақа нерӯҳои ҳаводори Русия даст ба ишғоли сохтмонҳои давлатӣ зада ва гуфтаанд, ки якшанбеи оянда як ҳамапурсӣ барои истиқлол баргузор хоҳанд кард.

Укройн давлати Русияро ба ҳимоят аз шӯришиён муттаҳам мекунад, иттиҳоме, ки Русия онро такзиб мекунад.

Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои урупоӣ

Бо идома ёфтани буҳрони Укройн ва оғози амалиёти нерӯҳои укройнӣ барои саркӯби ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар шарқи ин кишвар, вазирони умури хориҷаи кишварҳои Урупо барои баррасии таҳаввулоти ҷадид дидор мекунанд.

Утриш ибрози умедворӣ карда, ки дар ҷараёни ин дидор урупоиҳо аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Укройн, ки базудӣ баргузор хоҳад шуд, ҳимоят ва пуштибонӣ кунанд.

Утриш дар ҳоли ҳозир раёсати Кумитаи вузарои шӯрои Урупоро ба уҳда дорад. Вазири умури хориҷаи Утриш гуфтааст, ки наздик ба сӣ вазири умури хориҷаи урупоӣ дар нишасти имрӯз сешанбеи шашуми май, барои баррасии авзоъи Укройн ширкат мекунанд.

Вазирони хориҷаи Русия ва Укройн рӯзи гузашта барои муддати кӯтоҳе дидор карданд.

Вазирони умури хориҷаи Утриш дар мавриди интихоботи раёсати ҷумҳурии Укройн, ки қарор аст 25 май баргузор шавад, гуфтааст, ки баргузории ин интихобот қадами кучаке дар роҳи босубот кардани авзоъ дар ин кишвар аст.

Раиси ҷумҳурии Фаронса гуфтааст, ки баргузор нашудани ин интихобот ба бесуботӣ дар кишвар доман мезанад.

Матолиби муртабит