Марги сарбозони укройнӣ дар Ислувёнск

  • 6 Май, 2014
Image copyrightReuters

Киев мегӯяд, ки чаҳор сарбози артиши Укройн ба дасти шибҳнизомиёни ҳаводори Русия дар наздикии шаҳри Ислувёнск, дар шарқи кишвар, кушта ва як чархболи низомӣ ҳам соқит шудааст.

Давлати Укройн мегӯяд, ки мардони мусаллаҳ аз силоҳҳои сангин барои ҳамла ба ягонҳои низомии артиши Укройн, ки саргарми амалиёти "зиддитерруристӣ" буданд, истифода карданд.

Гузориш мешавад, ки шибҳнизомиён ба самти маркази шаҳр ақибнишинӣ кардаанд. Ба гуфтаи хабарнигорони Би-би-сӣ маркази Ислувёнск акнун ором аст.

Нерӯҳои Укройн ҳамчунон ин шаҳрро, ки пойгоҳи шӯришиён аст, дар муҳосира доранд.

Шибҳнизомиёни ҳаводори Маскав сохтмонҳои давлатӣ дар беш аз даҳ шаҳр дар шарқи Укройнро ишғол кардаанд.

Киев Маскавро ба мусаллаҳ кардани муҳоҷимон муттаҳам мекунад, иттиҳоме, ки Русия рад кардааст.

Вақфа дар набардҳо

Арсен Аваков, вазири кишвари Укройн, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон шибҳнизомиёнро ба талош барои шабихун задан ба нерӯҳои давлатӣ дар ҳумаи Ислувёнск дар субҳи душанбе муттаҳам кард.

Image copyrightAP
Image caption Тарафдорони Русия дар муқобили пешравии артиши Укройн муқовимат мекунанд

Ӯ ҳамчунин шӯришиёнро ба истифода аз силоҳҳои сангин, аз ҷумла хумпораандоз муттаҳам кард.

Артиши Укройн баъдан гуфт, ки чаҳор сарбоз кушта ва ҳудуди 30 нафар захмӣ шудаанд.

Вазорати дифоъ дар баёнияе таъйид кард, ки як чархбол дар наздикии Ислувёнск суқут кардааст.

Бар асоси ин баёния аз онҷо ки чархбол дар рӯдхона суқут кард, хадамаш аз ҳодиса ҷон ба дар бурданд.

Ин севумин чархболи низомии Укройн буд, ки дар рӯзҳои ахир дар ин шаҳр суқут мекард.

Як тими Би-би-сӣ, ки ба маркази Ислувёнск роҳ пайдо карда, мегӯяд ҳамакнун вақфае дар набардҳои миёни ҳудуди 800 шибҳнизомӣ ва нерӯҳои артиш эҷод шудааст.

Рӯзи якшанбе Орсений Ётсенюк, нахуствазири Укройн, Русияро муттаҳам ба иҷрои тарҳе бо ҳадафи "нобудии Укройн ба унвони як кишвар" кард.

Русия рӯзи душанбе ихтор дод, ки нокомӣ дар мутаваққиф кардани нооромиҳо сулҳ дар кулли Урупоро таҳдид мекунад.

.

Матолиби муртабит