Сад ҳазор нафар дар маросими рӯзи ҷаҳонии коргар дар Майдони Сурх ширкат карданд
Image copyrightAPДар Русия маросими рӯзи ҷаҳонии коргар (Аввали моҳи май) бо ширкати беш аз сад ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар Майдони Сурхи Маскав баргузор шуд.
Ин аввалин бор баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии собиқ аст, ки маросиме ба сабк ва шеваи он даврон дар Маскав баргузор мешавад.
Дар ин маросим намояндагони ҳизби ҳокими "Русияи муттаҳид" дар канори аъзои иттиҳодияҳои коргарӣ роҳпаймоӣ карданд.
Раиси федеросиюни Иттиҳодияҳои мустақили коргарии Русия зимни суханоне гуфт, ки роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии коргар дар Русия рӯзе аст, ки мухолифат бо фашизм ба намоиш гузошта мешавад.
Ин маросим дар ҳоле баргузор мешавад, ки танишҳо дар шарқи Укройн ба авҷи худ расидааст.
Шарқи Укройн, ки ҷамъияти бузурге аз русзабонҳо дорад, шоҳиди шӯриши ҳаводорони Русия будааст, ки таҳти ливои ҳифозат аз рустаборон бо ишғоли амокини муҳим дар шаҳрҳои шарқии Укройн боъиси нооромӣ дар ин манотиқ шудаанд.
Баъд аз илҳоқи шибҳҷазираи Криме ба Русия мавҷи тозае аз эҳсосоти миҳанпарастона ин кишварро фаро гирифтааст.
