Бордюжа: Мо ба тақвияти билқувваи низомӣ авлавият қоил ҳастем

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мегӯяд, ки ин созмон гомҳои ҷиддӣ барои таъсиси як системи вокуниши дастаҷамъӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ дар кишварҳои узв бардоштааст.
Дар суханрониаш дар бораи ин гомҳо, дабири кулли СПАД гуфт, ки табодули иттилоъ миёни идораҳои вокуниши сареъи кишварҳои узви ин созмон ба сурати онлайн ё зинда барқарор шуда ва барномаҳои вокуниши нерӯҳои муштарак ба ҳаводиси ҷиддии табиъӣ ва мусибатҳои ношӣ аз аъмоли инсонӣ таҳия шудаанд.
Дар ин ҷаласа масоиле, ки СПАД дар солҳои 2014-2020 ба онҳо авлавият қоил хоҳад шуд, мушаххаст шудаанд. Оқои Бордюжа гуфтааст, ки дар миёни авлавиятҳои ин созмон “тавсеъаи ҳамкорӣ ва тақвияти билқувваи низомии созмон аст.
Ӯ гуфтааст: “Дар ин замина пешниҳоди мушаххас дар бораи таъсиси нерӯҳои ҳавоӣ таҳия шуда ва равишҳои истифода аз нерӯҳои амалиёти вижа мушаххас шудааст.”
Ӯ таъкид кардааст, ки вазифаи рақами яки созмон вокуниш ба таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон иртибот хоҳад дошт.
