Бордюжа: 'Аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ҳаросе надорем'

Ҳеч ниёзе ба афзоиши нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар кишварҳои Осиёи Миёна баъд аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон дар поёни соли 2014 вуҷуд надорад.
Ин матлабро рӯзи 22-уми апрел Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар ҷамъи хабарнигорон иброз доштааст.
Вай гуфтааст, ки СПАД нақшаеро дар даст дорад, ки хатароти ношӣ аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистонро ба сифр мерасонад: "Ҳоло тадобире, ки дар ҳамоиши ин созмон дар шаҳри Сучӣ дар моҳи сентябри соли 2013 гирифта шуда буд, иҷро мешаванд. Ҳадафи он ироаи кумакҳои изтирорӣ ба марзбонони тоҷик барои тақвияти ҳифозат аз марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад."
Ба гуфтаи оқои Бордюжа, ин кумакҳо ҳомили силоҳ, лавозими вижаи ҷангӣ ва юнифурм мебошад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳоло бо мусоъидати Русия барномаи таҷдиди сохтори нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон иҷро мешавад.
Вале оқои Бордюжа аз афзоиши мизони қочоқи маводди мухаддир дар минтақа изҳори нигаронӣ кардааст.
Зимнан, коршиносон иддаъо доранд, ки мизони қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя дар тӯли даврони ҳузури нерӯҳои ғарбӣ дар ин кишвар 40 маротиба афзоиш ёфтааст.
