Бордюжа: марзбонони тоҷик қобилияти ҳифозати марз бо Афғонистонро доранд
Марзҳои Тоҷикистон дигар ба ҳузури марзбонони рус ниёз надоранд.
Ин матлабро Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Маскав изҳор доштааст.
Баъд аз имзои созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар соли гузашта ин барои бори нахуст аст, ки дар бораи фаъъолияти хуби марзбонони тоҷик изҳори назари расмие сурат гирифтааст.
Оқои Бордюжа таъкид кардааст, ки "ба бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон ниёзе вуҷуд надорад, зеро дар ин кишвар ниҳоди марзбонии худ фаъъолият дорад".
Ҳамзамон Николай Бордюжа ёдовар шудааст, ки марзбонони рус ба Тоҷикистон замоне кӯмак мекарданд, ки дар ин кишвар нерӯҳои марзбонии худӣ таъсис нашуда буданд.
Оқои Бордюжа ҳамчунин зикр кардааст, ки афзоиши мавориди бештари интиқоли маводди мухаддир танҳо ба фаъъолияти марзбонон рабт надорад, зеро "ин мавод на танҳо аз марз убур мекунад".
Раҳбари СПАД ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки кишварҳои кӯмакрасон дар остонаи хуруҷи нерӯҳои низомии кишварҳои ғарбӣ аз Афғонистон ба ҳифозати марзҳои Тоҷикистон кӯмакҳои фаннӣ ироъа хоҳанд кард. Оқои Бордюжа изҳори умед кардааст, ки дар ин сурат марзбонони тоҷик аз ҳифозати комил ва муъассири марзҳои худ бо Афғонистон бархурдор хоҳанд шуд.
Зимнан, дар поёни тобистони соли гузашта дар ҳамоиши раҳбарони СПАД дар шаҳри Сочӣ низ чунин дархост шуда ва то ҳол дар бораи ироъаи чунин кӯмакҳо аз ҷониби Қазоқистон гузориш шуда буд. Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон узви СПАД ҳастанд.
Дар ду соли ахир мавзӯъи бозгашти марзбонони рус барои ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба мавзӯъи калидӣ дар равобити миёни ин ду кишвар маҳсуб мешуд.
Мақомот ва коршиносони рус иддаъо доштанд, ки танҳо ҳузури марзбонони рус дар ин марз метавонад омили оромии куллия кишварҳои узви СПАД бошад. Вале баъд аз тасвиби созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ин мавзӯъ то ҷое аз байн рафт ва ҳамакнун як мақоми русcиягии СПАД изҳор медорад, ки марзбонони тоҷик "ба хубӣ" ҳифозати ин марзро таъмин мекунанд.
