Дархости ислоҳоти ҷиддӣ аз Раҳмон аз тариқи туморе интернетӣ
Image copyrightBBC World ServiceГурӯҳе аз корбарони интернет бо интишори туморе дар шабакаи ҷаҳонӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки дар зудтарин фурсат дар ҳаёти сиёсии кишвар ислоҳоти ҷиддие анҷом бидиҳад.
Матни ин тумор (петишн) дар сойти "avaaz.org" мунташир шуда ва то ҳол ҳудуди 60 нафар зери он имзо гузоштаанд. Пешниҳод шуда, ки ислоҳоти сиёсӣ аз 1-уми июни соли ҷорӣ иҷро шавад, вагарна, "мардум аз ин ҳокимияти худкома ба дод омада ва барои соҳиб шудан ба қудрат" иқдом мекунанд.
Дар ин баёния гуфта шудааст, ки “мо шаҳрвандони Тоҷикистон ба Шумо, Эмомалӣ Раҳмон эътимод надорем ва ҳаққи раҳбарии кишварро бозпас мегирем.”
Дастандаркорон хитоб ба оқои Раҳмон гуфтаанд, ки интихоботи соли гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон “баландтарин қуллаи шармандагии миллӣ буд”.
Аз оқои Раҳмон ҳамчунин хоста шуда, ки дар ҳоле ки мақомот барои баргузории интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон омодагӣ мебинанд, давлат бояд барои “муҳоҷирони кории тоҷик ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро фароҳам кунад”.
Зимнан, тибқи муқаррароти қавонини Тоҷикистон муҳоҷирони корӣ аз ҳуқуқи ҷамъоварии имзо барои пуштибонии номзадҳои интихоботӣ маҳрум ҳастанд ва ин амр дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи соли гузаштаи риёсати ҷумҳурӣ барои бархе аз номзадҳо мушкил эҷод карда буд.
Аз сӯйи дигар, муаллифони ин дархостномаи интернетӣ тақозо кардаанд, ки дар зудтарин фурсат Зайд Саидов, Ғаффор Мирзоев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Ёқуб Салимов, мақомоти собиқ ва зиндонии Тоҷикистон, аз зиндон озод карда шаванд.
Ҳамзамон муаллифони баёния муътақиданд, ки дар системи қазоия ислоҳоти ҷиддӣ сурат гирифта, Ожонси мубориза бо фасод барҳам дода ва салоҳиятҳои он ба пулис ва додситонӣ вогузор шаванд.
Дар ин замина пешниҳод шудааст, ки Абдуфаттоҳ Ғойиб, раиси ин ожонс ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитеи амнияти миллии Тоҷикистон, ва раисони додгоҳҳои Тоҷикистон сареъан барканор шаванд.
Аз сӯйи дигар, дастандаркорон хостори он шудаанд, ки интисоби куллияи руасои вилоёт ва шаҳру навоҳии кишвар аз роҳи интихоботи мардумӣ роҳандозӣ гардад.
Аз пешниҳодҳои дигари зикршуда дар ин тумор миллӣ сохтани ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» аст, ки барои убур аз роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз васоили нақлия маблағ ҷамъоварӣ мекунад.
Ин ширкат, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шудааст, чанд сол қабл ба ҷамъоварии маблағ аз ронандагони васоили нақлия дар ин ҷодда муваззаф шудааст. Фаъъолияти ин ширкат дар ҷомеъа вокунишҳои тундеро ба миён овард. Вале давлат то ҳол алайҳи ин ширкат ҳеҷ иқдоме накардааст.
Дар поёни ин баёния муаллифон ду талаби умдаи худ ба Президент Раҳмонро матраҳ карда ва навиштаанд, ки “сабри мардум дар интиҳо аст ва танҳо аз Шумо бастагӣ дорад, ки кишвар дар кадом масире ҳаракат хоҳад кард”.
Пешниҳод шудааст, ки барои раҳоӣ аз вазъи феълӣ мақомот бояд барои ҳалли “хатогиҳои қаблӣ” бо куллияи аҳзоби сиёсӣ вориди музокира ва шуда ва “қудрати (ихтиёроти) раиси ҷумҳур ба суди ҳукумат, порлумон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ тақсим карда шаванд”.
Дар идома омадааст: “Вагарна мардум барои бозпас гирифтани ҳуқуқи худ барои соҳибӣ дар сарзамини худ иқдом карда ва адолату ва ҳуқуқро дар Тоҷикистон ҷойгузин хоҳад кард”.
