Раҳмон: Мардум 'фақат барои гап задан' 1,7 милёрд сомонӣ сарф кардаанд
Image copyrightBBC World ServiceЭмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бори дигар аз харҷи телефунҳои ҳамроҳ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
Оқои Раҳмон дар суханронии солонаи худ дар порлумони Тоҷикистон гуфт, ки дар соли гузашта сокинони ин кишвар ба маблағи 1,7 милёрд сомонӣ тавассути телефонҳои ҳамроҳ суҳбат кардаанд.
Вай афзуд: "Яъне мардуми мо ин ҳама маблағро танҳо барои гап задан сарф кардаанд."
Ба гуфтаи ӯ, теъдоди муштарикони телефунҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон ба 10 милюн адад расидааст.
Бори нахуст нест, ки оқои Раҳмон аз афзоиши истифода аз телефунҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунад. Вай дар гузашта низ борҳо аз истифодаи зиёд аз телефуни ҳамроҳ интиқод карда буд.
Аз ҷумла, дар моҳи январи соли 2009 вай зимни интиқод аз корбурди густардаи телефуни ҳамроҳ гуфта буд, ки мардум пули гозу барқро наметавонанд пардозанд, аммо ба ширкатҳои мухобиротӣ пул медиҳанд."
Оқои Раҳмон гуфта буд, ки "танҳо ду телефун дар як хонавода бас аст" ва афзуд, ки бо ин қадар маблағ (беш аз 800 милюн сомонӣ) Тоҷикистон метавонист "барои бозсозии нерӯгоҳҳо истифода кунад."
Чаҳор сол пеш, ба дунболи яке аз суханрониҳои ӯ дар бораи зиёни телефуни ҳамроҳ телефизиюнҳои давлатӣ пахши огаҳиҳо ва таблиғи ширкатҳои мухобиротиро мутаваққиф карданд.
Ба ҷойи ин, тайи солҳои ахир гузоришҳое дар бораи "хатари телефунҳои ҳамроҳ барои саломатии шаҳрвандон" дар ин телевизиюнҳо пахш шудааст, ҳарчанд ҳеч ниҳоди илмии муътабаре то кунун хатар ё зарари ин навъ телефунҳоро барои саломатӣ собит накардааст.
Ҳарчанд оқои Раҳмон истифодаи зиёд аз телефуни ҳамроҳро талафи сармоя хонда ва ҳамвора талош кардааст мардумро ба сарфаҷӯйӣ водор кунад, аммо таҳлилгарон мегӯянд нигаронии ӯ дар мавриди густариши корбурди васоили иртиботӣ, монанди телефуни ҳамроҳ, аз ноҳияи дигар аст.
Телефунҳои ҳамроҳ ва рушди фанновариҳои нави иртиботӣ бавижа тайи даҳ соли ахир ба суқути низомҳои худкома дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кумак кардааст. Ин абзорҳо имкони муколима байни мардум ва созмондиҳии гурӯҳҳои иҷтимоъию сиёсиро нисбат ба ҳар давру замони дигаре осон сохтаанд.
Аз сӯйи дигар, оқои Раҳмон нигаронии ҷиддии худро аз густариши афкори ба гуфтаи ӯ ифротгароёна аз тариқи васоили иртиботӣ, аз ҷумла интернет, иброз дошт.
Вай аз ҷумла ҳушдор дод, ки бархе аз афрод ё “гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша” бо аҳдофи интишори ғояҳои ифротгаро ва тундравӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон, бахусус наврасону ҷавонон, аз шабакаҳои иҷтимоъию иртибототӣ, аз ҷумла интернет, истифода мекунанд.
Оқои Раҳмон мақомоти зирабти давлатиро муваззаф кард, ки барои "таъмини амнияти иттилоъотӣ" ва ҷилавгирӣ аз "асароти манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба ҷавонон" тадобири зарурӣ андешанд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии солонаи худ дар порлумон ҳамчунин ба афзоиши хариди худрав дар ин кишвар ишора кард. Вай гуфт, ки мардуми Тоҷикистон порсол ба маблағи 1,4 милёрд сомонӣ худрав харидаанд, ки ин нишондиҳандаи болоравии сатҳи зиндагии сокинон маҳсуб мешавад.
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маҷолиси улё ва суфлои порлумони ин кишвар соъате пеш шурӯъ шуд. Дар миёни суханронии худ, оқои Раҳмон чанд бор макс ва сурфа кард ва овозаш гирифта буд.
Сурфаҳои пайвастаи ӯ эҳтимолан ношӣ аз ҳассосият (аллергия) буда, ки дар як маврид хитоб ба масъулон гуфт, ки "гулҳои зиёдеро (дар назди минбар) мегузореду хидмати хирсона мекунед."
Ин нахустин суханронии оқои Раҳмон пас аз касби дубораи курсии раиси ҷумҳурӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли 2013 маҳсуб мешавад. Интизор меравад паёми кунунии ӯ бо паёмҳои қаблияш тафовути ҷиддӣ дошта бошад.
Бино ба иттилоъи манобеъи расмии давлати Тоҷикистон, Президент Раҳмон дар ин суханронӣ масоили марбут ба иқтисоду иҷтимоъ, тавсеъаи бахши энержӣ ва амнияти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистонро матраҳ мекунад.
Дар паёмҳои қаблии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъмини истиқлоли энержӣ, бурунрафт аз бунбасти иртибототӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ аз аҳдофи умдаи давлат унвон шуда буд, аммо ба угфтаи соҳибназарон, то ҳол Тоҷикистон ба ин аҳдоф даст наёфтааст.
Паёми солонаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба сурати мустақим тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизиюн ва родиюи давлатии ин кишвар пахш хоҳад шуд.
