Раҳмон: Тавлиди барқ зиёд шуда, аммо камбуди он рафъ нашудааст
Image copyrightBBC World ServiceБо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2" ва нерӯгоҳҳои обии кӯчаку мутавассит мушкили камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон ҳал нашудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 15 январ дар ҷаласаи васеъи ҳайъати давлати ин кишвар гуфт, дар ҳоле ки дар 21 соли истиқлол бо зарфияти 1000 меговот/соъат нерӯгоҳҳои обӣ бунёд шудааст, вале ин амр ба таъмини нерӯи барқ барои сокинон дар зимистон мусоъидат накардааст.
Оқои Раҳмон ба мақомоти Вазорати энержӣ ва захоирои оби Тоҷикистон дастур дод, ки аз тариқи то 400 меговот/соъат афзоиш додани зарфияти марказгармии шаҳри Душанбе, бунёди чунин марказгармӣ бо истифода аз ангишт, эҳдоси нерӯгоҳҳои кучаки мутавассити обӣ, назири "Себзор"-у "Санобод" дар вилояти Бадахшон мушкили камбуди нерӯи барқро дар ин кишвар марҳила ба марҳила ҳал кунанд.
Тибқи гузориши Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, феълан дар ин кишвар ҳафт тарҳи сармоягузорӣ бо ҳазинаи беш аз 600 милюн дулори омрикоӣ дар маърази иҷро қарор дорад.
Ба гуфтаи оқои Усмонов, дар зарфи як соли ахир бахши аввали марказгармии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бозсозии нерӯгоҳҳои Қайроққум, Бойғозӣ ва Сарбанд идома доштааст.
Хайрулло Асоев, вазири роҳу таробарии Тоҷикистон, аз пешрафтҳое дар заминаи раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ дар соли гузашта гузориш дода ва гуфтааст, ки ҳоло дар ин самт тарҳҳои мухталифе бо ҳазинаи як милёрду 156 милюн дулори омрикоӣ рӯи даст гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш аз тавлиди ҳудуди як милюн тун ғалла дар соли гузашта хабар дод. Барои бори аввал дар Тоҷикистон ба миқдори як милюну 115 ҳазор тун картошка ё себзаминӣ тавлид шудааст, ки имкон дорад ниёзи дохилиро комилан таъмин кунад.
Ҳамзамон, президент Раҳмон аз фаъъолияти Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузорӣ ва бонкҳои саҳомии Тоҷикистон интиқод кард ва гуфт, ки дар ин бонкҳо махориҷи ғайриҳадафмандонаи дохилӣ зиёд буда ва онҳо дар ҷалби сармоя ва пуштибонии молии тоҷирони хусусӣ кӯтоҳ омадаанд.
