Кормандони арсаи барқи Тоҷикистон 'муддатҳост маъош нагирифтаанд'
Image copyrightBBC World ServiceБисёре аз кормандони арсаи барқ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нозирони ин арса, мегӯянд, ки аз муддатҳо қабл ширкати “Барқи тоҷик” маъоши онҳоро пардохт накардааст.
Ин дар ҳолест, ки масъулони ин ширкат ин иддаъоро такзиб мекунанд, вале мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд пардохти ҳуқуқи моҳиёнаи шуморе аз кормандон ба далоили мухталиф бо таъхир сурат мегирад.
Тавзеъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз арсаҳои судманд маҳсуб мешавад ва ба ақидаи коршиносон, фурӯши он ба кишварҳои хориҷӣ метавонад ба будҷеи кишвар даромади ҳангуфте ворид кунад.
Аммо чунин ба назар мерасад, ки ширкати "Барқи тоҷик" на танҳо дар пардохти маболиғ барои молиёт мушкил доша, балки ба бисёре аз кормандонаш низ бидеҳкор будааст.
Ба гуфтаи як корманди шабакаи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, онҳо як моҳ қабл танҳо миқдори ночизе аз маъоши худро, ки беш аз 400 сомонӣ аст, дарёфт кардаанд. Аммо вай мегӯяд: “Вале то ҳол мо маъоши комили худро аз моҳи сентябр ба ин ҷониб нагирифтаем.”
Аксари ҳамсуҳбатони мо аз бими аз даст додани шуғлашон аз ифшои ҳувияти худ худдорӣ карданд. Орзу исми мустаъори як корманди шабакаи фурӯши барқи ноҳияи Сино аст, ки мегӯяд, ки чаҳор моҳ боз ӯ маъоши худро дарёфт накардааст.
Вай афзуд: "Ман фарзандон дорам ва дар чаҳор моҳ гузарони зидагии рӯзгорро танҳо хонумам бар уҳда дорад. Вай низ дар муассисаи давлатӣ кор мекунад ва маъоши хубе дарёфт намекунад. Мо ҳоло намедонем аз кадом маблағ ниёзмандиҳои рӯзгорро бароварда созем."
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, дар ин ноҳия беш аз 150 нафар аз кормандони ин арса бо мушкили дарёфт накардани ҳуқуқи моҳиёнаашон рӯбарӯ будаанд.
Аз сӯйи дигар, иддае аз кормандони шабакаи барқ дар навоҳии мухталифи вилояти Хатлон мегӯянд, ки ба иллати таъхир дар дарёфти маъош шуморе аз кормандони ин арса аз фаъъолиятҳои худ даст кашидаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки иддае аз кормандони ин арса дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд низ ахиран ба нишони эътироз ба таъхир дар пардохти маъош як рӯз эътисоб карда буданд.
Вале Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи сешанбеи 14 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин иддаъоҳо бепоя аст, ҳарчанд аз суханони ӯ чунин бармеояд, ки чунин мушкиле вуҷуд дорад.
Ӯ мегӯяд: "Нерӯи барқ як хусусият дорад, ки ҳарчанд бамаврид тавлид мешавад, вале насия дода мешавад. Яъне аввал истеҳсол мекунем, ба муштарӣ интиқол медиҳем ва пасон маблағи онро ҷамъоварӣ мекунем ва ин муҳлатеро мехоҳад. Ва аз ин рӯ мо баъдан ба пардохти қарзҳо ва маъошҳо мепардозем.”
Ба гуфтаи ӯ, дар охири соли гузашта ва авоили соли ҷорӣ, ки онҳо машғули гузоришҳои зиёди бонкӣ буданд, қимати нерӯи барқ пардохт нашудааст.
Ӯ гуфт: "Аммо ин суол, ки дар мавриди нагирифтани маъош дар се-чор моҳ кардед, ин ягон асос надорад."
Вай хабарҳои мабнӣ ба аз кор рафтани иддае аз кормандони ин ширкат ба сабаби адами дарёфти бамавқеъи маъошашонро низ такзиб кард.
Вале коршиносон мегӯянд, ки таъхир дар пардохти маъош дар Тоҷикистон дар солҳои ахир ба амре маъмулӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди иддае аз онҳо барои ҷилавгирӣ аз ин ҳолат бояд муҷозоти кордиҳандагоне, ки таъмини бамавриди ҳуқуқи коргаронро фароҳам намекунанд, ташдид шавад.
Гузоришҳо аз вилояти Хатлон ҳокист, ки дар бархе аз навоҳии ин вилоят пардохти маъоши кормандони арсаи маъориф низ бо таъхири дарозмуддат сурат мегирад.
Дар соли гузашта масъулони Вазорати кор ва таъмини иҷиимоъии Қазоқистон, яке аз кишварҳои нисбатан пешрафтаи Осиёи Миёна, барои ҷилавгирӣ аз ин падида хостори ислоҳи қонуни кайфарӣ ва муҷозоти афроди муқассир дар пардохти номуназзами маъош шуда буданд.
Аз сӯйи дигар, дар тобистони соли 2013 Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, аз симаташ барканор шуд ва масъулони Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон сабаби барканории ӯро таъхир дар пардохти маъош ба кормандон унвон карда буданд.
Дар фармони барканории оқои Ёров сабаби аслӣ бознишаста шудани ӯ маънидод шуда буд. Бо ин вуҷуд, ба назар мерасад, ки то ҳол мушкили дарёфти бамавриди маъоши моҳиёнаи ин ширкат вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори Кумитеи молиёти Тоҷикистон, ширкати "Барқи тоҷик" дар соли гузашта бузургтарин бидеҳкор ба ин кумите маҳсуб мешавад.
Дар сойти ин кумите омдааст, ки ин ширкат то моҳи июли соли 2013 наздик ба 345 милюн сомонӣ барои напардохтани молиёт будааст. Ҳамакнун маълум нест, ки ин ширкат ҳеч қисмате бидеҳиҳои худро ба ин кумите пардохт карда ё ҳаҷми бидеҳиҳояш афзудааст.
Аммо яке аз масъулони ин кумите рӯзи сешнабеи 14 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки иттилоъ дар бораи бидеҳиҳои ширкати "Барқи тоҷик" ба кумитеи молиёт аз тобистони соли гузашта то ҳол тағйир наёфтааст.
