Сардиҳо, камобӣ ва коҳиши тавлиди нерӯи барқ

Ширкати "Барқи тоҷик" аз коҳиши мизони оби рӯдхонаи Вахш ва афзоиши масрафи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад.
Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, коҳиши мизони оби рудхонаи Вахш ба коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳи "Норак" мунҷар шудааст.
Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик", рӯзи гузаштаи 22-юми декабр ба обанбори Норак дар як сония 216 метри мукааб об ворид шудааст. Ин рақам панҷ рӯзи қабл 36 метри мукааб бештар буд.
Ба ин далел, нерӯгоҳ барои тавлиди мизони зарурии нерӯи барқ аз захоири обанбори худ истифода карда ва феълан баландии об дар ин обанбор муъодили 898 метр аст. Ба гуфтаи коршиносон, то пойинтарин сатҳи қобили қабули об дар обанбор боз 41 метри дигар боқӣ мондааст.
Ин дар ҳолест, ки тӯли чанд рӯзи ахир Тоҷикистонро фазои сарди ҳаво ва резиши барф дунбол мекунад. Ба унвони мисол, шаби гузашта барои нахустин бор дамои ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон то 9 дараҷа сард буд.
Қаблан ҳавошиносони тоҷик аз эҳтимоли зимистони сард ва тӯлонӣ ҳушдор дода буданд. Дар ин сурат ҳадс зада мешавад, ки коҳиши мизони оби рӯдхонаҳо ва тавлиди нерӯи барқ идома хоҳад дошт.
Эълом шуда буд, ки сардиҳои шадид то нимаи моҳи март, аввалин моҳи баҳор идома хоҳанд дошт.
Мутахассисини арсаи энержӣ мегӯянд, ки сардтар шудани дамои ҳаво бавижа дар ҳаволии рӯдхонаи Вахш нигаронкунанда аст. Зеро, бештаре аз нерӯгоҳҳои бузурги Тоҷикистон дар фарози ин рӯдхона воқеъ буда ва коҳиши мизони об ба коҳиши мизони тавлиди нерӯи барқ мунҷар мешавад.
Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ки то ҳадди имкон аз захойири обанбори "Норак" истифода карда ва сипас аз ин об боз дар нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2" ва сойири нерӯгоҳҳои воқеъ дар поёноби рӯдхонаи Вахш истифода хоҳад шуд.
Вале сардии дамои ҳаво ва афзоиши мизони истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои гарм карани манозил эҳтимоли камбарқии густурда дар Тоҷикистон ба гунаи зимистони соли 2008-умро афзоиш медиҳад.
Ба гуфтаи соҳибназарон адами системи воҳиди гармдиҳӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, адами дастрасии онҳо ба гози табиъйӣ, маводди аслии сӯхтӣ ва худдории Ӯзбакистон аз интиқоли нерӯи барқи мавриди ниёзиТоҷикистон мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистонро душвортар месозад.
