Поёни камбарқии густарда дар Суғд

  • 25 Ноябр, 2013
Хатти барқ
Image caption Вилояти Суғди Тоҷикистон умдатан тавассути хатти интиқоли нерӯи барқи "Ҷануб-Шимол" бо нерӯи барқ таъмин мешавад

Ширкати “Барқи тоҷик” аз анҷоми умури бозсозӣ дар хати интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-Шимол” хабар дод. Ба ин тартиб, интиқоли нерӯи барқ ба сокинон тибқи реҷаи қаблӣ, яъне барои 14 соъат дар як шабонарӯз аз сар гирифта мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи душанбеи 25-уми ноябр гуфт, ки умури бозсозӣ дар ин масир, ки рӯзи 17-уми ноябр оғоз шуда буд, рӯзи якшанбе анҷом шуд. Ба гуфтаи вай, дар пайи ин бозсозӣ ҳамакнун шароит фароҳам шудааст, ки интиқоли нерӯи барқ аз ҷануб ба шимоли Тоҷикистон аз сар гирифта шавад.

Аслан садама дар хатти интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-Шимол” дар тобистони соли ҷорӣ рух дода буд. Вале масъулини ширкати “Барқи тоҷик” тасмим гирифтанд, бозсозии онро ҳоло, замоне, ки ниёз ба фаъъолияти пумпҳои обкашӣ аз байн рафтааст, ба таъхир гузоранд.

Тӯли чанд шабонарӯзи ахир вилояти Суғди Тоҷикистон танҳо аз тавлидоти нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ва барқи содиротӣ аз Қирғизистон истифода мекард.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ба бештаре аз шаҳрҳо ва навоҳии вилояти Суғд нерӯи барқ аслан интиқол намешуд. Дар бархе аз манотиқи шимоли Тоҷикистон нерӯи барқ танҳо ду-се соъат интиқол мешуд.

Ба ин далел тӯли ин рӯзҳо бештаре аз корхонаҳо ва муъассисоти вилояти Суғд аз фаъъолият комилан бозмонда ва ё соъатҳои маҳдуд фаъъол буданд.

Ин мушкил барои сокинон ҳамзамон ба ин далел маҳсус буд, ки интиқоли гози табъийӣ ба манозили онҳо низ комилан мутаваққиф шудааст. Зеро, интиқоли гоз аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аз авоили соли ҷорӣ комилан қатъ шудааст.

Вале ба гуфтаи хабарнигорони маҳаллӣ, тӯли ин рӯзҳо бештаре аз мағозаҳо ва рестуронҳои маркази вилояти Суғд бо истифода аз таҷҳизоти гози моеъ ва тавлидкунандаҳои барқии кӯчак фаъъолият мекарданд.

Хатти интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-Шимол” се соли қабл бо сармояи 420 милюн дулории давлати Чин сохта шуд. Бо кашидани ин хатти интиқоли нерӯи барқ системи воҳиди энержии Тоҷикистон таъсис шуд.

Тӯли се соли ахир тавассути ин хатти барқ, нерӯи барқи изофӣ аз ҷануб ба шимоли Тоҷикистон мунтақил мешуд. Қаблан вилояти Суғд нерӯи барқи масрафии худро тавассути системи барқии Ӯзбакистон, кишвари ҳамсоя дарёфт мекард.

Зарфияти ин хатт интиқоли 8,6 милёрд киловотт соъат барқ дар як сол арзёбӣ мешавад.